Вазирони кишоварзии Осиёи Марказӣ дар нишасти чорум масъалаи тағйирёбии иқлимро баррасӣ намуданд

Ноябрь 4, 2021 09:29

ДУШАНБЕ, 04.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти асосии соҳаи кишоварзӣ дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Дар соҳаи кишоварзӣ сарчашмаҳои хатарҳои вобаста ба обу ҳаво ва иқлим бисёр ва гуногунанд, аз қабили захираҳои маҳдуди об, хушксолӣ, биёбоншавӣ, таназзули замин, эрозия, жола, обхезӣ, сармоҳои барвақтӣ ва дигар омилҳо. Чунин зикр гардид дар нишасти чоруми вазирони кишоварзии кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони  «Таъсири оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим ва ҳолатҳои фавқулода ба соҳаи кишоварзӣ», ки  2 ноябр ба таври онлайн баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Нишасти мазкур  таҳти раёсати Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ҳамбастагӣ бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) доир гардид.

Дар кори нишаст вазирони кишоварзии давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сулаймон Зиёзода, Ҷумҳурии Қазоқистон — Ербол Карашукеев, Ҷумҳурии Қирғизистон – Аскарбек Джанибеков, Ҷумҳурии Узбекистон — Жамшид Ходжаев, муовини директори генералии Намояндагии минтақавии ФАО дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ — Владимир Рахманин иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳадаф аз баргузории нишаст- омӯзиш ва табодули таҷриба миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ доир ба таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳолатҳои фавқулода ба соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Дар нишасти мазкур маҷмӯи масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид.

Зикр шуд, ки нишасти кунунӣ саривақтӣ мебошад, зеро кишварҳои Осиёи Марказӣ дар он  нақшаҳои миллии худро оид ба тағйирёбии иқлим дар ҳамбастагӣ таҳия намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани он талош меварзанд.

АКСҲО: Вазорати кишоварзии ҶТ

Ноябрь 4, 2021 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад