Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2021»-ро эълон намуд

Ноябрь 28, 2021 10:19

ДУШАНБЕ, 28.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муҳтаво ва ороиши китобҳо Озмуни ҷумҳуривии «Китоби сол-2021» эълон мегардад, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Озмун бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он муаллифони асарҳои назму насри тоҷик, ки эҷодиёташон тайи соли 2021 дар муассисаҳои нашриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудаанд, метавонанд иштирок намоянд.

Мақсад аз баргузории озмун- дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосири тоҷик аст, ки ҷавобгӯи меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ буда, ба мавзӯи дирӯз, имрӯз ва фардои Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, тарғиби дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва ба ин васила, арҷгузорӣ ба тамаддун ва фарҳанги миллӣ бахшида шудаанд.

Шартҳои асосии озмуни мазкур маҳорати маъниофарӣ, риояи санъати сухан, бадеият, забон, услуб, пайвастагии афкор ва банду басти силсилаи воқеаҳо, мувофиқати мазмуну мундариҷаи асар ба талаботи замони муосир мебошад.

Барои ғолибони китобҳои назм, наср, публисистӣ, назму насри бачагона ва тарҷумаи адабӣ дипломҳо, мукофотҳои соҳавӣ ва моддии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

Маълумоти бештарро аз сомонаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон — http://vfarhang.tj/index.php/tj метавонед дастрас намоед.

 

АКС: маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ 

Ноябрь 28, 2021 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад