ЮНИСЕФ маоши омӯзгорони афғонро мустақиман, бидуни иштироки «Толибон», пардохт мекунад

Ноябрь 4, 2021 16:56

ДУШАНБЕ, 04.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Фонди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) пас аз қатъи кумакҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ  ба ҳукумати муваққатии ташкилнамудаи «Толибон»*  дар Афғонистон дар бораи азми таъсиси низоми маблағгузории мустақими омӯзгорони афғон хабар дод. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора 3 ноябр хабаргузории Reuters бо истинод ба изҳороти намояндаи ин фонд хабар дод.

«ЮНИСЕФ  низомеро таъсис медиҳад, ки имкон фароҳам меорад, то пардохтҳои мустақим ба омӯзгорон бо канорагирӣ аз маблағе, ки тавассути мақомот мегузарад, сурат гирад»,- гуфт Жанетт Вогелаар, мудири маорифи ин созмон дар Афғонистон. Дар давраи омодагӣ ба татбиқи ин барнома бақайдгирии ҳамаи омӯзгорони мактабҳои давлатӣ оғоз мешавад. ЮНИСЕФ ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунад, ки омӯзгорони афғонро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ кунанд.

Тавре хабаргузории Reuters зикр мекунад, низоми маориф дар Афғонистон баъди ба сари қудрат расидани «Толибон» ба буҳрон дучор шудааст. Бисёр давлатҳо ҳама гуна маблағгузории ҳукумати муваққатии радикалҳоро қатъ кардаанд. Танҳо расонидани кумакҳои башардӯстона, ин ҳам на тавассути ҳукумати “Толибон”, балки ба воситаи созмонҳои байналмилалии башардӯстона иҷозат дода мешавад. Вазъият дар соҳаи маориф нигаронии ҷомеаи ҷаҳониро ба миён овардааст, аз ин рӯ ЮНИСЕФ ва як қатор созмонҳои дигари байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти мубрам, бахусус, барои идома додани имконияти бо таълим фаро гирифтани духтарону занон дар ин кишвар фаъолона кор мебаранд

* «Толибон» – ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон

                                                 АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 4, 2021 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид