Завқӣ Завқизода дар Намоишгоҳи байналмилалии воридоти Чин ва Форуми байналмилалии иқтисодии Хунтсяо иштирок намуд

Ноябрь 5, 2021 09:07

ДУШАНБЕ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Чин чорумин Намоишгоҳи байналмилалии воридоти Чин ва Форуми  байналмилалии иқтисодии Хунтсяо оғоз гардид. Дар маросими  расмии ифтитоҳи ин чорабинии сатҳи баланд  дар радифи ҳайатҳои баландпояи кишварҳои ҷаҳон, намояндагони дипломатии мамлакатҳои хориҷӣ ва ширкатҳои бонуфуз Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар шакли видеоконфронс иштирок намуд, иттилоъ доданд аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми байналмилалии иқтисодии Хунтсяоро ифтитоҳ намуд ва  Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин  Си Ҷинпин дар он сухан гуфт. Зикр шуд, ки чорумин Намоишгоҳи байналмилалии воридотии Чин ба дарёфти имконияти ҳавасмандгардонӣ ва хизматрасонии ширкату корхонаҳо,  барои рушди бозорҳои хориҷӣ ва дохилӣ, ҷустуҷӯи имконоти нав дар шароити кунунии ҷаҳон, инчунин ба афзоиши мубодилаи мол дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ мусоидат менамояд.

Дар маросими ифтитоҳи чорабиниҳои сатҳи баланд дар Чин Сарони давлатҳои Аргентина, Қазоқистон, Замбия, сарвазирони Италия,  Тайланд ва Директори Генералии Созмони ҷаҳонии савдо иштирок ва сухан намуданд.

 Аксҳо аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Ноябрь 5, 2021 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад