Ҳаҷми мубодилаи мол миёни Тоҷикистон ва Русия ба беш аз $1 млрд расид
ДУШАНБЕ, 01.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Табодули мол миёни Тоҷикистон ва Русия дар 10 моҳи соли равон ба беш аз $1 млрд расид. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз, 30 ноябр ба мухбири ТАСС намояндаи тиҷоратии ФР дар Тоҷикистон Евгений Коренков дар ҳошияи конфронси ҳаштуми ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия, ки дар шаҳри Бохтар баргузор шуд, иттилоъ дод.
«Русия дар тӯли 12 сол чун пештара яке аз шарикони фаъоли Тоҷикистон дар самти иқтисод ва савдо ба ҳисоб рафта, давоми 8-10 сол ҳиссаи мубодила аз 20-24% поён нарафта, тибқи натиҷаи 10 моҳи соли ҷорӣ мубодилаи мол беш аз 1 млрд долларро ташкил дод»,-зикр намуд Коренков. Ба гуфтаи ӯ, ин рақам таърихӣ буда, тибқи натиҷаҳои солона интизор меравад ин нишондиҳанда ба 1,1-1,2 млрд доллар расад. «Ин афзоиш нисбат ба соли 2020 беш аз 25%-ро ташкил дод»,-афзуд намояндаи Палатаи савдо ва иброз дошт, ки дар навбати аввал аз ФР техникаҳои соҳаи сохтмон ва мошинҳо ворид мешаванд.
Намояндаи Палатаи савдо оид ба вусъат ёфтани сохтмонҳо дар Тоҷикистон, алалхусус дар Душанбе сухан карда, афзуд ки дар ин самт талабот ба металл, чӯбу тахта, масолеҳи бинокорӣ афзуда, воридоти он зиёд карда мешавад. Ӯ инчунин дар сатҳи муқаррарӣ қарор доштани воридоти маводи сӯзишворӣ дар гардиши мол миёни ду кишвар (35%) ишора кард.
«Дар самти кишоварзӣ дар Тоҷикистон 51 дарсади аҳолӣ ба ин соҳа машғул аст ва талабот ба техникаи кишоварзӣ хеле зиёд аст»,-изҳор медорад Коренков. Ӯ аз баргузории бузургтарин намоишгоҳи техникаи кишоварзии «Рӯзи саҳрои Русия» дар шаҳри Душанбе, ки дар 15 соли охир беназир маҳсуб мешавад, сухан кард. Дар намоишгоҳи мазкур 16 ширкати русиягӣ намояндагӣ мекарданд. Ба гуфтаи Коренков, дар ҷараёни намоиши мазкур ҷонибҳо барои харидории беш аз 30 адад мошинҳои кишоварзӣ ба тавофуқ расиданд.
Коренков ҳамчунин оид ба раванди болоравии воридот ва содироти маҳсулоти хӯрокворӣ иброз намуд, ки воридот аз Тоҷикистон ба Русия то 2 маротиба афзоиш ёфт. «Ин бо шарофати созишномаи байни хадамоти гумруки ду кишвар оид ба назорати содакардашудаи гумрукӣ, ба истилоҳ долони сабз ба даст омадааст ва ҳоло ин танҳо маҳсулоти ғизоӣ, сабзавоту меваҷот ва меваҳои хушк аст»,-гуфт ӯ. «Моро Вазорати кишоварзӣ ва Палатаи савдо ва саноати Русия дастгирӣ намуданд ва пешниҳоди мазкур дар якҷоягӣ бо ҷониби Тоҷикистон ба Хадамоти гумрук равона гардида, дар кӯтоҳтарин муддат баррасӣ карда мешавад»,-иттилоъ дод намояндаи палатаи савдо.
Дар бораи конфронс
Дар конфронси 8-уми ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон ва Русия мавзӯъҳои «Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи кишоварзӣ, саноат, логистика ва иқтисоди рақамӣ», «Минтақаҳои Тоҷикистон ва Русия: ҷавонон ва ҷанбаҳои таълимии ҳамкорӣ» ва «Рушди ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия: роҳҳои ҳалли шаҳрӣ» баррасӣ гардиданд.
АКС: Вазорати саноат ва савдои ФР








Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид






