ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН! Дар Панҷакент корҳои сохтмонӣ дар майдони Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ вусъати тоза гирифтаанд

Декабрь 11, 2021 10:35

ДУШАНБЕ, 11.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат сохтмони иншооти гуногун бомаром ҷараён дорад. Аз ҷумла, дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд  корҳои сохтмонӣ дар майдони Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, муассисаҳои таълимӣ вусъати тоза гирифтаанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Майдони Парчами давлатӣ дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ҷойгир буда, корҳои сохтмони он моҳи июни соли 2021 оғоз гардидаанд. Айни  ҳол корҳои сохтмону васлсозӣ 80 дарсад ба иҷро расида, корҳои ободонӣ ва сабзазоркунии атрофи он идома доранд.

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҳамин мавзеъ ҷойгир буда, бунёди он аз ҷониби Идораи сохтмон ва меъмории шаҳри Панҷакент идома дорад. Корҳои сохтмону васлсозии ин иншоот 90 дарсад иҷро гардидаанд.

Ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик дар шафати майдони Нишон ва Парчам муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон-Шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта мешавад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ дар шаҳри Панҷакент аз сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 47 дидан намуд. Сохтмони ин мактаб бо маблағи харҷномавии 6 000 000 сомонӣ оғоз гардида, то имрӯз 50 дарсади корҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шудаанд.

Муассисаи мазкур аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои 462 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ  шуда, дорои 17 синфхона, кабинетҳои фанни физика, химия, биология, технологияи иттилотӣ, толори варзиш, маҷлисгоҳ ва ошхона мебошад.

Фармоишгар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент буда, пудратчии иншоот ҶДММ “ПМК 278” мебошад. Айни ҳол дар корҳои сохтмонии бино зиёда аз 20 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуданд.

Дар шаҳри Панҷакент ҳамзамон сохтмони боғчаи бачагона барои 400 нафар, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ идома дорад.

Сохтмони кӯдакистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва саҳми соҳибкорон бо маблағи харҷномавии 5 800 000 сомонӣ оғоз гардидааст.

Пудратчии иншоот ҶДММ «Қудратсохтмон» буда, боғчаи бачагона аз 3 ошёна ва 40 ҳуҷра барои 280 ҷой иборат мебошад.

Айни замон корҳои сохтмонӣ ба маблағи 2 500 000, яъне 50 фоиз иҷро гардида, болопӯшии ошёнаи сеюми иншоот ҷараён дорад.

АКС: хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Декабрь 11, 2021 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд