ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН! Дар Панҷакент корҳои сохтмонӣ дар майдони Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ вусъати тоза гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 11.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат сохтмони иншооти гуногун бомаром ҷараён дорад. Аз ҷумла, дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд корҳои сохтмонӣ дар майдони Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, муассисаҳои таълимӣ вусъати тоза гирифтаанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Майдони Парчами давлатӣ дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ҷойгир буда, корҳои сохтмони он моҳи июни соли 2021 оғоз гардидаанд. Айни ҳол корҳои сохтмону васлсозӣ 80 дарсад ба иҷро расида, корҳои ободонӣ ва сабзазоркунии атрофи он идома доранд.
Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҳамин мавзеъ ҷойгир буда, бунёди он аз ҷониби Идораи сохтмон ва меъмории шаҳри Панҷакент идома дорад. Корҳои сохтмону васлсозии ин иншоот 90 дарсад иҷро гардидаанд.
Ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик дар шафати майдони Нишон ва Парчам муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон-Шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта мешавад.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ дар шаҳри Панҷакент аз сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 47 дидан намуд. Сохтмони ин мактаб бо маблағи харҷномавии 6 000 000 сомонӣ оғоз гардида, то имрӯз 50 дарсади корҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шудаанд.
Муассисаи мазкур аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои 462 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, дорои 17 синфхона, кабинетҳои фанни физика, химия, биология, технологияи иттилотӣ, толори варзиш, маҷлисгоҳ ва ошхона мебошад.
Фармоишгар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент буда, пудратчии иншоот ҶДММ “ПМК 278” мебошад. Айни ҳол дар корҳои сохтмонии бино зиёда аз 20 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуданд.
Дар шаҳри Панҷакент ҳамзамон сохтмони боғчаи бачагона барои 400 нафар, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ идома дорад.
Сохтмони кӯдакистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва саҳми соҳибкорон бо маблағи харҷномавии 5 800 000 сомонӣ оғоз гардидааст.
Пудратчии иншоот ҶДММ «Қудратсохтмон» буда, боғчаи бачагона аз 3 ошёна ва 40 ҳуҷра барои 280 ҷой иборат мебошад.
Айни замон корҳои сохтмонӣ ба маблағи 2 500 000, яъне 50 фоиз иҷро гардида, болопӯшии ошёнаи сеюми иншоот ҷараён дорад.
АКС: хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Имсол дар Тоҷикистон чанд дармонгоҳи нав сохта шуд?
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ. Ин чорабинӣ дар фазои идона баргузор шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ПАНҶ. Деҳқонон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд
Корхонаи ғанигардонии мису қалъагӣ аз нав ба кор оғоз менамояд
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат навсозӣ карда мешавад
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии ноҳияҳои Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мегардад
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН. Барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик корҳои созандагию ободонӣ вусъат меёбанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Симои ноҳияи Дӯстӣ ба куллӣ дигаргун гардидааст






