Ҳайати Тоҷикистон дар Саммит ва Намоишгоҳи Будапешт-2021 оид ба рушди устувори сайёра иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 01.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Саммит ва Намоишгоҳи Будапешт-2021 оид ба рушди устувори сайёра 29 нобяр таҳти раисии Президенти Маҷористон Янош Адер ба кори худ шурӯъ кард, ки дар он ҳайати Тоҷикистон иштирок дорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода мавқеи кишвари моро оид ба мавзӯъҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ироа менамояд», — иттилооъ доданд дар ВКХ Тоҷикистон.
Саммити Будапешт ба мавзӯи рушди устувор бахшида шуда, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба амалияи номатлуби экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар байни ҷомеа, бахусус ҷавонон мебошад.
Саммит ва Намоишгоҳи Будапешт-2021 оид ба рушди устувори сайёра то 5 декабр идома меёбад.
АКС: ВКХ Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






