Ҷамолиддин Абдуллозода бо Анна Попова вазъи санитарию эпидемиологии кишварро баррасӣ намуданд

Декабрь 17, 2021 14:25

ДУШАНБЕ, 17.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбари Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдории инсон (Роспотребнадзор)-и Федератсияи Русия Анна Попова вохӯрӣ намуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  Анна Поповаро ба Тоҷикистон  хайрамақдам гуфта, аз ҳамкории мутақобилан судманди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба вазъи санитарию эпидемиологии кишвар, пешгирии бемориҳои сироятӣ, хосатан сирояти  COVID-19 ва дигар бахшҳо мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкорӣ иброз намуданд.

Бояд гуфт, ки дар доираи сафари  хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдории инсон (Роспотребнадзор) Анна Попова  аз якчанд озмоишгоҳҳои шаҳри Душанбе дидан менамояд.

АКСҲО: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Декабрь 17, 2021 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид