АЗ СӮХТОР ЭҲТИЁТ БОШЕД! Сокини Душанбе Ҳабибулло Ҳайдаров ҳуҷраҳои зисти ба талаботи бехатарӣ аз сӯхтор ҷавобгӯ набударо ба иҷора додааст
ДУШАНБЕ, 03.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар кӯчаи Крупскаяи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ корҳои мақсадноки зиддисӯхторӣ доир шуданд, ки зимни онҳо ҳолати қоидавайронкуниҳо аз ҷониби сокинон ошкор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки соҳибхонаи №2 шаҳрванд Ҳабибулло Ҳайдаров манзили истиқоматии худро бе тартиб додани ҳуҷҷатҳои дахлдор ба шаҳрвандон ба иҷора додааст. Вале ҳуҷраҳои зист ба талаботи бехатарӣ аз сӯхтор ҷавобгӯ набуда, пайвасти кабелу ноқилҳои барқӣ дар онҳо урёну овезон буда, барои гарм кардани ҳуҷраҳо иҷоранишинон аз ҳар гуна асбобу таҷҳизоти барқии худсохт васеъ истифода мебаранд. Ин амали онҳо дар баробари масрафи барзиёди неруи барқ метавонад ҳар лаҳза ҳодисаи нохуши сӯхтор ба миён оварад.
Ба ҳамин монанд дар кӯчаи Буни Ҳисорак №№118 ва 119-и ноҳияи Синои пойтахт аз тарафи шаҳрванд Нураҳмад Худойдодов 38 ҳуҷраи манзили истиқоматӣ ба шаҳрвандон бе ҳуҷҷатҳои дахлдор ба иҷора дода шудааст, ки дар онҳо низ одитарин талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор риоя карда намешаванд. Аз ҷумла, кабелу ноқилҳои барқӣ урёну овезон буда, аз фурӯзонакҳои тафсон фаровон истифода бурда мешавад. Инчунин барои муътадил намудани ҳарорати ҳуҷраҳои зист ва омода намудани хӯрок иҷоранишинон аз ҳар гуна асбобу таҷҳизоти барқии садамавӣ васеъ истифода менамоянд, ки чунин беэътиноӣ эҳтимоли ба амал омадани сӯхтор ва таҳдид ба ҳаёту саломатии худи онҳоро дар пай дорад.
Бинобар ин, аз тарафи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ нисбат ба соҳибхонаҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои бартараф кардани камбудиҳо муҳлат муқаррар карда шуд.
Кор дар ин самт аз тарафи кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва ҷузъу томҳои он дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дорад.
Дар фасли сармо эҳтиёҷ ба гармӣ зиёд гардида, афзоиши истифодаи ҳар гуна асбобу таҷҳизоти гармидиҳандаи барқию газӣ, инчунин печҳои гуногуни аловӣ дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва муассисаву иншооти мухталиф ба назар мерасад.
Вобаста ба ин, дар асоси талаботи Вазорати корҳои дохилӣ баҳри дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022» аз тарафи кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он дар муассисаву ташкилот, корхонаву иншооти мухталифи шакли моликияту мансубияташон гуногун ва маҳаллаҳои аҳолинишину манзилҳои истиқоматии ҳудуди пойтахт ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои пешгирӣ-оташнишонӣ ва фаҳмондадиҳӣ-омӯзишӣ ба роҳ монда шудаанд.
АКС: ВКД ҶТ








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ. Амнияту субот омили асосии рушди устувори давлатҳо ва зиндагии шоистаи инсоният ба ҳисоб меравад






