АЗ СӮХТОР ЭҲТИЁТ БОШЕД! Сокини Душанбе Ҳабибулло Ҳайдаров ҳуҷраҳои зисти ба талаботи бехатарӣ аз сӯхтор ҷавобгӯ набударо ба иҷора додааст

Декабрь 3, 2021 10:58

ДУШАНБЕ, 03.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар кӯчаи Крупскаяи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ҷониби  кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ корҳои мақсадноки зиддисӯхторӣ доир шуданд, ки зимни онҳо ҳолати қоидавайронкуниҳо аз ҷониби сокинон ошкор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни санҷиш муайян гардид, ки соҳибхонаи №2 шаҳрванд Ҳабибулло Ҳайдаров манзили истиқоматии худро бе тартиб додани ҳуҷҷатҳои дахлдор ба шаҳрвандон ба иҷора додааст. Вале ҳуҷраҳои зист ба талаботи бехатарӣ аз сӯхтор ҷавобгӯ набуда, пайвасти кабелу ноқилҳои барқӣ дар онҳо урёну овезон буда, барои гарм кардани ҳуҷраҳо иҷоранишинон аз ҳар гуна асбобу таҷҳизоти барқии худсохт васеъ истифода мебаранд. Ин амали онҳо дар баробари масрафи барзиёди неруи барқ метавонад ҳар лаҳза ҳодисаи нохуши сӯхтор ба миён оварад.

Ба ҳамин монанд дар кӯчаи Буни Ҳисорак №№118 ва 119-и ноҳияи Синои пойтахт аз тарафи шаҳрванд Нураҳмад Худойдодов 38 ҳуҷраи манзили истиқоматӣ ба шаҳрвандон бе ҳуҷҷатҳои дахлдор ба иҷора дода шудааст, ки дар онҳо низ одитарин талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор риоя карда намешаванд. Аз ҷумла, кабелу ноқилҳои барқӣ урёну овезон буда, аз фурӯзонакҳои тафсон фаровон истифода бурда мешавад. Инчунин барои муътадил намудани ҳарорати ҳуҷраҳои зист ва омода намудани хӯрок иҷоранишинон аз ҳар гуна асбобу таҷҳизоти барқии садамавӣ васеъ истифода менамоянд, ки чунин беэътиноӣ эҳтимоли ба амал омадани сӯхтор ва таҳдид ба ҳаёту саломатии худи онҳоро дар пай дорад.
Бинобар ин, аз тарафи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ нисбат ба соҳибхонаҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои бартараф кардани камбудиҳо муҳлат муқаррар карда шуд.

Кор дар ин самт аз тарафи кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва ҷузъу томҳои он дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дорад.

Дар фасли сармо эҳтиёҷ ба гармӣ зиёд гардида,  афзоиши истифодаи ҳар гуна асбобу таҷҳизоти гармидиҳандаи барқию газӣ, инчунин печҳои гуногуни аловӣ дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва муассисаву иншооти мухталиф ба назар мерасад.

Вобаста ба ин, дар асоси талаботи Вазорати корҳои дохилӣ баҳри дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022» аз тарафи кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он дар муассисаву ташкилот, корхонаву иншооти мухталифи шакли моликияту мансубияташон гуногун ва маҳаллаҳои аҳолинишину манзилҳои истиқоматии ҳудуди пойтахт ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои пешгирӣ-оташнишонӣ ва фаҳмондадиҳӣ-омӯзишӣ ба роҳ монда шудаанд.

 АКС: ВКД ҶТ

Декабрь 3, 2021 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад