Ба иштирокчиёни ҷанг ва собиқадорони меҳнати ноҳияи Шаҳринав туҳфаҳо ва маводи хӯрокворӣ тақдим шуданд

Декабрь 29, 2021 09:23

ШАҲРИНАВ, 29.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав бо дастгирии соҳибкори саховатпешаи ноҳия Рузибой Шоев ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2022  ба 40 нафар кормандони Муассисаи манзилию коммуналии ноҳия, ки пайваста барои тозаю озода ва ободу хуррам нигоҳ доштани маркази ноҳия заҳмат мекашанд, кумаки моддӣ, аз қабили орду равған, биринҷ ва шакар расонид.  Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Хайру эҳсон, таъмини ҳифзи иҷтимоии ниёзмандон ва ба ғамхорӣ фаро гирифтани ин қишри ҷомеа аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатамон маншаъ мегирад. Дар ин рӯзҳо бо дастгирии соҳибкорони ноҳия ба ятимону маъюбон ҳадяҳои солинавӣ ва кумакҳои моддӣ расонида шуда истодаанд.

Раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода дар арафаи соли нав бо мақсади татбиқи сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи саломатӣ, зиндагӣ ва рӯзгори  иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Азиз Қодиров ва иштирокчии ақибгоҳ дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945  Рашида Нургалиева,  собиқадорони меҳнати соҳаҳои гуногун, аз ҷумла Музаффар Дадабоев, Зулайхо Умарова, Аҳмадҷон Ҳабибов, Раҳима Ахмедова, Азиза Ҳамзаева, Гулнора Норпулодова ва Назира Давлатова воқиф шуда, онҳоро бо Соли нави мелодӣ табрик гуфта, ба онҳо туҳфаҳо ва маводи хӯрокворӣ тақдим намуд.

Аёдатшудагон аз ин амали раиси ноҳия хурсанд гардида, иброз доштанд, ки баракати зиндагӣ, тинҷию амонӣ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба хизматҳои онҳо- ҳама аз самараи истиқлолият буда, бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Пирони кор дар ҳаққи Пешвои миллат ва рушди босуботи кишвари соҳибистиқлоламон дуои нек карданд.

АКСҲО аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Декабрь 29, 2021 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд