Ба Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2 таҷҳизоти маишӣ тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 30.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳии «М. Бухорӣ», «Сафари Дашти Ҷум», «Оксус Холдинг», «Варз-2010», «Морхур», «Рустам-94» ва Ташкилоти ҷамъиятии «Муҳофиз» дар арафаи Соли нави мелодӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби будубош ба Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2»-и шаҳри Душанбе як қисм таҷҳизоти маишӣ тақдим гардид.
Роҳбарияти Кумита бевосита бо тарбиятгирандагон суҳбат карда, онҳоро бо Соли нави мелодӣ табрик намуд.
Мавриди зикр аст, ки дастгирии пайваста ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои рӯзафзун нисбат ба қишри эҳтиёҷманд дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз амалҳои хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат ба ҳисоб меравад.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳӣ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






