Ба Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2 таҷҳизоти маишӣ тақдим гардид

Декабрь 30, 2021 10:45

ДУШАНБЕ, 30.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳии «М. Бухорӣ», «Сафари Дашти Ҷум», «Оксус Холдинг», «Варз-2010», «Морхур», «Рустам-94» ва Ташкилоти ҷамъиятии «Муҳофиз» дар арафаи Соли нави мелодӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби будубош ба Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2»-и шаҳри Душанбе як қисм таҷҳизоти маишӣ тақдим гардид.

Роҳбарияти Кумита бевосита бо тарбиятгирандагон суҳбат карда, онҳоро бо Соли нави мелодӣ табрик намуд.
Мавриди зикр аст, ки дастгирии пайваста ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои рӯзафзун нисбат ба қишри эҳтиёҷманд дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз амалҳои хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат ба ҳисоб меравад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳӣ

Декабрь 30, 2021 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид