Ба Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили №2 ва Маркази вилоятии равонпизишкии шаҳри Кӯлоб кумак расонида шуд

Декабрь 30, 2021 11:03

ДУШАНБЕ, 30.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо пайравӣ аз амалҳои инсондӯстона ва ҷиҳати иҷро намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар арафаи Соли нави мелодӣ ба бошандагони Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили №2 ва Маркази вилоятии равонпизишкии шаҳри Кӯлоб кумак расонида шуд, хабар доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.

Кумак аз маводи ғизоӣ, аз ҷумла, орд, равған, гӯшт, биринҷ, пиёз, картошка ва шириниҳо иборат буд.

Амалигардии чунин иқдомҳои хайру савоб сабаби хушҳоливу руҳбаландии масъулину бошандагони Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили №2 ва  Маркази вилоятии равонпизишкии шаҳри Кӯлоб гардида,  онҳо миннатдории самимии хешро ба роҳбарияти давлату ҳукумат, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  инчунин ашхоси саховатпеша баён намуданд.

АКС: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давдатии шаҳри Кӯлоб

Декабрь 30, 2021 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид