Ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав туҳфаҳои идонаи Пешвои миллат тақдим шуданд
ДУШАНБЕ, 30.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 258 нафар тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав туҳфаҳои солинавии Пешвои миллат, аз ҷумла либосҳои зимистона, пойафзол, шиму костюм, сарпӯшҳои мавсимӣ ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумита.
Ориф Хоҷазода тарбиятгирандагони мактаби мазкурро бо фарорасии соли нави мелодӣ шодбош намуда, таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба таълиму тарбияи насли навраси мамлакат махсус иброз намуд.
Зикр гардид, ки ҳамасола бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, озмунҳои мухталиф баргузор гардида, барои муаррифии соҳибистеъдодҳо заминаи мусоид фароҳам меорад ва ҳавсмангардонии онҳо бо ҷоизаву маблағҳои пулӣ ва муқаррар шудани баъзе имтиёзҳо ба онҳо кулли кӯдакону наврасонро водор менамояд, ки бештар китобҳои бадеӣ мутоила намуда, савияи дониш ва маҳорати суханрониашонро сайқал диҳанд.
Тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав ба Пешвои миллат барои ғамхории навбатӣ ва туҳфаҳои идона изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, бо рафтору кирдори намунавӣ кӯшиш хоҳанд кард, ки пайрави Пешвои муаззаму ғамхор буданашонро дар амал собит намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат 16 апрели соли 2005 таъкид дошта буданд, ки «ман ба кӯдакони ятиму бепарастор, маъюбону пиронсолони бесаробон ва иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ муроҷиат карда, изҳор менамоям, ки шумоёнро ҳаргиз хору зор шудан намемонам ва ҳеҷ гоҳ дар танҳоиву бесоҳибӣ намегузорам».
Ин аст, ки шахсони эҳтиёҷманд ва ятиму танҳо ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тақдими туҳфаҳои идона ва ба ғамхорӣ фаро гирифтани онҳо, тибқи дастури Пешвои миллат дар арафаи ҷашнҳо ба ҳукми анъана даромадааст.
АКСҲО: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






