Ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав туҳфаҳои идонаи Пешвои миллат тақдим шуданд

Декабрь 30, 2021 10:24

ДУШАНБЕ, 30.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 258 нафар тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав туҳфаҳои солинавии Пешвои миллат, аз ҷумла либосҳои зимистона, пойафзол, шиму костюм, сарпӯшҳои мавсимӣ ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумита.

Ориф Хоҷазода тарбиятгирандагони мактаби мазкурро бо фарорасии соли нави мелодӣ шодбош намуда, таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба таълиму тарбияи насли навраси мамлакат махсус иброз намуд.

Зикр гардид, ки ҳамасола бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, озмунҳои мухталиф баргузор гардида, барои муаррифии соҳибистеъдодҳо заминаи мусоид фароҳам меорад ва ҳавсмангардонии онҳо бо ҷоизаву маблағҳои пулӣ ва муқаррар шудани баъзе имтиёзҳо ба онҳо кулли кӯдакону наврасонро водор менамояд, ки бештар китобҳои бадеӣ мутоила намуда, савияи дониш ва маҳорати суханрониашонро сайқал диҳанд.

Тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав ба Пешвои  миллат барои ғамхории навбатӣ ва туҳфаҳои идона изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, бо рафтору кирдори намунавӣ кӯшиш хоҳанд кард, ки пайрави Пешвои муаззаму ғамхор буданашонро дар амал собит намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат 16 апрели соли 2005 таъкид дошта буданд, ки «ман ба кӯдакони ятиму бепарастор, маъюбону пиронсолони бесаробон ва иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ муроҷиат карда, изҳор менамоям, ки шумоёнро ҳаргиз хору зор шудан намемонам ва ҳеҷ гоҳ дар танҳоиву бесоҳибӣ намегузорам».

Ин аст, ки шахсони эҳтиёҷманд ва ятиму танҳо ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тақдими туҳфаҳои идона ва ба ғамхорӣ фаро гирифтани онҳо, тибқи дастури Пешвои миллат дар арафаи ҷашнҳо ба ҳукми анъана даромадааст.

АКСҲО: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ

Декабрь 30, 2021 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад