Ба зиёда аз 60 нафар беморони Шифохонаи шаҳрии кўдаконаи бемории сил туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид

Декабрь 24, 2021 09:53

ДУШАНБЕ, 24.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи соли нави мелодӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  ба зиёда аз 60 нафар беморони Муассисаи давлатии Беморхонаи шаҳрии кўдаконаи бемории сил туҳфаҳои солинавӣ тақдим ва барномаи фарҳангӣ доир  карда шуд, хабар дод ба  АМИТ «Ховар» муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Наргис Шарифзода.

Дар ин рўз намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба беморони ин муассиса ва модарони онҳо туҳфаҳои идонаи худро супориданд. Ҳузури Бобои Барфӣ ва ташкили ҳар гуна бозиҳои шавқовар ин базмро шукӯҳи тоза бахшид.

Тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дастгирии  ниёзмандон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар арафаи тамоми иду ҷашнҳо ба  маъюбон, шахсони бекасу танҳо ва  кӯдакони бемор  туҳфаҳо тақдим гардида, дигар кумакҳои моддию низ расонида мешавад.

Декабрь 24, 2021 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид