Баландтарин афзоиши аҳолӣ пас аз пошхӯрии СССР дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 28.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Украина 20 фоиз аҳолии худро аз даст дод ва аз ҷиҳати хуруҷи аҳолӣ дар ҷои чорум қарор гирифт. Давоми 30 сол ин кишвар аз ҳар панҷ нафар аҳолиаш як нафарро (52 миллион нафар буд, айни замон 41,6 миллион нафар аст) аз даст дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ ва Хадамоти давлатии омори Украина, ки рӯзи душанбеи 27 декабр дар нашрияи украинии «Страна» чоп шудааст, иттилоъ медиҳад.
Латвия дар ин рӯйхат дар муқобили пешсафон қарор дошта, 28,3 фоизи аҳолиро аз даст додааст, дар ҷои дуюм Литва (-24,5 фоиз) ва Гурҷистон (-23,2 фоиз) қарор доранд.
Афзоиши бештари аҳолӣ дар Тоҷикистон (+76,6 фоиз), Узбекистон (+63,4 фоиз), Туркманистон (+59,2 фоиз) ва Қирғизистон (+47,7 фоиз) ба қайд гирифта шудааст. Аҳолии Русия 2,9 фоиз, Беларус 7,8 фоиз кам шудааст.
Дар маҷмӯъ, аҳолии СССР пеш аз пошхӯрӣ 288,14 миллион нафар буд. Ҳоло шумораи умумии аҳолии ҳамаи мамлакатҳо (ба ғайр аз ҷумҳуриҳои халқии эълоншудаи Донетск ва Луганск) 295,67 миллион нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, дар зарфи 30 сол афзоиши аҳолӣ дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 7,53 миллион нафар ё худ 2,6 фоизро ташкил дод, зикр намуд газетаи Украина.
АКС: Sputnilk








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






