Баландтарин афзоиши аҳолӣ пас аз пошхӯрии СССР дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд

Декабрь 28, 2021 13:31

ДУШАНБЕ, 28.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Украина 20 фоиз аҳолии худро аз даст дод ва аз ҷиҳати хуруҷи аҳолӣ дар ҷои чорум қарор гирифт. Давоми 30 сол ин кишвар аз ҳар панҷ нафар аҳолиаш як нафарро (52 миллион нафар буд, айни замон 41,6 миллион нафар аст) аз даст дод.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ ва Хадамоти давлатии омори Украина, ки  рӯзи душанбеи 27 декабр дар нашрияи украинии «Страна» чоп шудааст, иттилоъ медиҳад.

Латвия дар ин рӯйхат дар муқобили  пешсафон  қарор дошта, 28,3 фоизи аҳолиро аз даст додааст, дар ҷои дуюм Литва (-24,5 фоиз) ва Гурҷистон (-23,2 фоиз) қарор доранд.

Афзоиши бештари аҳолӣ дар Тоҷикистон (+76,6 фоиз), Узбекистон (+63,4 фоиз), Туркманистон (+59,2 фоиз) ва Қирғизистон (+47,7 фоиз) ба қайд гирифта шудааст. Аҳолии Русия 2,9 фоиз, Беларус 7,8 фоиз кам шудааст.

Дар маҷмӯъ, аҳолии СССР пеш аз пошхӯрӣ 288,14 миллион нафар буд. Ҳоло шумораи умумии аҳолии ҳамаи мамлакатҳо (ба ғайр аз ҷумҳуриҳои халқии эълоншудаи Донетск ва Луганск) 295,67 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, дар зарфи 30 сол афзоиши аҳолӣ дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 7,53 миллион нафар ё худ 2,6 фоизро ташкил дод, зикр намуд газетаи Украина.

                                                                       АКС: Sputnilk

Декабрь 28, 2021 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?