БОКС. Миҷгона Самадова ба марҳилаи финалии Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 10.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, дар шаҳри Нижневартовскии Федератсияи Русия Ҷоми 18-уми ҷаҳон оид ба бокс миёни мардону занони аз 19 то 40-сола ба хотираи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Фармон Салмонов ҷараён дорад. Дар рӯзи сеюми рақобатҳо дар доираи Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс Миҷгона Самадова, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дар вазни 57кг намояндагӣ дорад, ба финали мусобиқа роҳ ёфт. Миҷгона Самадова дар даври ½-финал бо қарори доварон бар варзишгари рус Малика Шаҳидова дастболо шуда, ба марҳилаи финалӣ роҳхат гирифт. Акнун Миҷгона Самадова дар финал бо варзишгари дигари мизбон рақобат хоҳад кард. Рақобати финалӣ 11 декабр дар назар аст, хабар доданд аз Федератсияи бокси Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.
Миҷгона Самадова, ки дар даври аввали Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс бар вазишгари Муғулистон Мичидма Эрденедалай пирӯз шуда буд, дар марҳилаи ¼-ниҳоӣ бо намояндаи Лаҳистон Серафин Моника сабқат намуд. Дар ин вохӯрӣ ҳам Миҷгона Самадова бар ҳарифаш дастболо шуд. Ӯ то анҷоми вақт тавонист сӯи ҳариф зарбаҳои зиёди мустақим равон кунад. Дар натиҷа доварон ғалабаро ба муштзани тоҷик доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи дуюми мусобиқот варзишгарони дигари тоҷик Шоира Зулқайнарова ва Сулаймон Нодиров низ ба ринг баромаданд, вале аз ҳарифонашон мағлуб гардиданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард






