БОКС. Миҷгона Самадова ба марҳилаи финалии Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт

Декабрь 10, 2021 09:12

ДУШАНБЕ, 10.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, дар шаҳри Нижневартовскии Федератсияи Русия  Ҷоми 18-уми ҷаҳон оид ба бокс миёни мардону занони аз 19 то 40-сола ба хотираи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ  Фармон  Салмонов  ҷараён дорад. Дар рӯзи сеюми  рақобатҳо дар доираи Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс Миҷгона Самадова, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дар вазни 57кг намояндагӣ дорад, ба финали мусобиқа роҳ ёфт. Миҷгона Самадова дар даври ½-финал бо қарори доварон бар варзишгари рус Малика Шаҳидова дастболо шуда, ба марҳилаи финалӣ роҳхат гирифт. Акнун Миҷгона Самадова дар финал бо варзишгари дигари мизбон рақобат хоҳад кард. Рақобати финалӣ 11  декабр дар назар аст, хабар доданд аз Федератсияи  бокси  Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.

Миҷгона Самадова, ки дар даври аввали Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс бар вазишгари Муғулистон Мичидма Эрденедалай пирӯз шуда буд, дар марҳилаи ¼-ниҳоӣ бо намояндаи Лаҳистон Серафин Моника сабқат намуд. Дар ин вохӯрӣ ҳам Миҷгона Самадова бар  ҳарифаш дастболо шуд. Ӯ то анҷоми вақт тавонист сӯи ҳариф зарбаҳои зиёди мустақим равон кунад. Дар натиҷа доварон ғалабаро ба муштзани тоҷик доданд.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи дуюми мусобиқот варзишгарони дигари тоҷик Шоира Зулқайнарова ва  Сулаймон Нодиров низ ба ринг баромаданд, вале аз ҳарифонашон мағлуб гардиданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 10, 2021 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад