Бозингарони дастаи «Хуҷанд» пас аз ғалаба бар дастаи «Истиқлол» Ҷоми Тоҷикистон-2021-ро болои сар бардоштанд
ДУШАНБЕ, 09.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2021 миёни чемпиони ҳашткаратаи Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо барандаи медалҳои нуқраи чемпионати кишвар — дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳузури шумораи зиёди мухлисони футболи тоҷик дар сатҳи баланд баргузор гардид, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.
Дар ин бозии ҷолиб дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо мағлуб намуда, баъди чандин соли инитзориҳо билохира ба унвони Ҷоми Тоҷикистон-2021 сарфароз гардид. Дар ин рақобати ҳассос ғолиб дар вақти асосӣ муайян нашуд. Дар қисмҳои иловагӣ футболбозони дастаи «Хуҷанд» ба задани 2 гол даст ёфтанд. Голи якумро дар дақиқаи 105-ум Ҳоҷибой Зиёев ба нишон расонид. Дар дақиқаи 117-ум Артём Сердюк голи дуюмро вориди дарвозаи дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе намуд. Бо ҳамин дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ғолиби Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2021 гардид.
Хотиррасон мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар таърихи мавҷудияташ 8 маротиба —солҳои 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019, дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд шаш маротиба – солҳои 1997/1998, 2002, 2008, 2017 ва 2021 ғолиби Ҷоми Тоҷикистон гаштаанд.
Ҷоми Тоҷикистон-2021
Финал
9 декабр (панҷшанбе)
«Истиқлол» — «Хуҷанд» 0:2
Голҳо: Ҳоҷибой Зиёев, 105 (0:1). Артём Сердюк, 117 (0:2).
Довари марказӣ: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе)
Ёварон: Ҳасан Каримов, Исмоил Нуралиев (ҳарду аз Норак).
Довари эҳтиётӣ: Ҳамза Шоймардонов (Хуросон).
Доварони иловагӣ: Насрулло Кабиров (Норак), Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Нозири доварон: Насриддин Азизов (Қубодиён).
Комиссари бозӣ: Ҷамшед Исмоилов (Душанбе).
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид






