Далер Ҷумъа дар нишасти Шӯрои энергетикии барқи ИДМ ширкат намуд

Декабрь 30, 2021 12:20

ДУШАНБЕ, 30.12.2021 /АМИТ «Ховар»/.  28 декабр дар сиғаи  видеоконфронс нишасти 59-уми Шӯрои энергетикии барқи ИДМ (ШЭБ ИДМ) баргузор гардид, ки дар он Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа (ДАР АКС) ва дигар роҳбарони мақомоти миллии соҳаи энергетика ва ширкатҳои барқии кишварҳои узви ИДМ иштирок намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.

Дар нишаст аъзои ШЭБ ИДМ аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Узбекистон ширкат намуданд.

Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ИДМ дар ҷаласаи ШЭБ ИДМ директори департаменти ҳамкории иқтисодӣ Михаил Мискин, сардори раёсати сиёсати пуливу қарзӣ Аладдин Қулӣ-Зода ва мушовири департаменти ҳамкории иқтисодӣ Андрей Ивлиев ҳузур доштанд.

Нишастро Президенти ШЭБ ИДМ, Вазири энергетики Федератсияи Русия Николай Шулгинов роҳбарӣ намуд. Ӯ оид ба иқлим ва таъсири он ба иқтисодиёти кишварҳои узви ИДМ ҳарф зад.

Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар назди ШЭБ ИДМ Павел Сниккарс оид ба тавозуни ояндаи энергетикӣ маърӯза намуда, ҷонибдорӣ ва дастгириҳои Федератсияи Русияро ҷиҳати рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва нақшаҳои ҷорӣ намудани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ махсус таъкид намуд.

Мавзӯи марказии мулоқот баҳси декарбонизатсияи соҳаи энергетика гардид. Дар нишаст зарурати таҳияи воситаҳои ҳавасмандгардонии декарбонизатсия ва идоракунии партофти партовҳои газҳои парникиро дар энергетикаи барқӣ баррасӣ намуданд. Изҳороти якҷояи аъзои ИДМ дар бораи рӯзномаи ҷаҳонии иқлим ва сиёсати имрӯзаи давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи марбута қабул карда шуд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика ва эҳёи иқтидори сармоягузории маҷмуи захираҳои энергетикӣ дар Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.

Як силсила ҳуҷҷатҳое, ки дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози ШЭБ ИДМ 15 декабри соли ҷорӣ омода шуда буданд, қабул шуданд.

Нишасти навбастии 60-уми ШЭБ ИДМ дар назар аст, ки моҳҳои май-июни соли 2022 дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар шакли ҳузурӣ баргузор шавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ

Декабрь 30, 2021 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд
Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Намояндагии UNICEF малакаҳои амалии молиявӣ баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард
Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад
Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 3 баробар зиёд гардидааст
Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз гардид
Бонки Осиёии Рушд механизми маблағгузории таҷдиди марзҳо ва мусоидат ба тиҷорат дар минтақаи ҲИМОМ-ро тасдиқ намуд
Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет