Далер Ҷумъа дар нишасти Шӯрои энергетикии барқи ИДМ ширкат намуд
ДУШАНБЕ, 30.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 декабр дар сиғаи видеоконфронс нишасти 59-уми Шӯрои энергетикии барқи ИДМ (ШЭБ ИДМ) баргузор гардид, ки дар он Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа (ДАР АКС) ва дигар роҳбарони мақомоти миллии соҳаи энергетика ва ширкатҳои барқии кишварҳои узви ИДМ иштирок намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.
Дар нишаст аъзои ШЭБ ИДМ аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Узбекистон ширкат намуданд.
Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ИДМ дар ҷаласаи ШЭБ ИДМ директори департаменти ҳамкории иқтисодӣ Михаил Мискин, сардори раёсати сиёсати пуливу қарзӣ Аладдин Қулӣ-Зода ва мушовири департаменти ҳамкории иқтисодӣ Андрей Ивлиев ҳузур доштанд.
Нишастро Президенти ШЭБ ИДМ, Вазири энергетики Федератсияи Русия Николай Шулгинов роҳбарӣ намуд. Ӯ оид ба иқлим ва таъсири он ба иқтисодиёти кишварҳои узви ИДМ ҳарф зад.
Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар назди ШЭБ ИДМ Павел Сниккарс оид ба тавозуни ояндаи энергетикӣ маърӯза намуда, ҷонибдорӣ ва дастгириҳои Федератсияи Русияро ҷиҳати рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва нақшаҳои ҷорӣ намудани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ махсус таъкид намуд.
Мавзӯи марказии мулоқот баҳси декарбонизатсияи соҳаи энергетика гардид. Дар нишаст зарурати таҳияи воситаҳои ҳавасмандгардонии декарбонизатсия ва идоракунии партофти партовҳои газҳои парникиро дар энергетикаи барқӣ баррасӣ намуданд. Изҳороти якҷояи аъзои ИДМ дар бораи рӯзномаи ҷаҳонии иқлим ва сиёсати имрӯзаи давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи марбута қабул карда шуд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика ва эҳёи иқтидори сармоягузории маҷмуи захираҳои энергетикӣ дар Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.
Як силсила ҳуҷҷатҳое, ки дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози ШЭБ ИДМ 15 декабри соли ҷорӣ омода шуда буданд, қабул шуданд.
Нишасти навбастии 60-уми ШЭБ ИДМ дар назар аст, ки моҳҳои май-июни соли 2022 дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар шакли ҳузурӣ баргузор шавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ








Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид






