Дар Агентии содирот оид ба гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» ҷаласа доир шуд

Декабрь 15, 2021 10:02

ДУШАНБЕ, 15.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 14 декабр дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Агентии содирот.

Дар ҷаласа директори Агентии содирот Шавкат Бобозода гуфт, ки дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 Агентии содирот ҷиҳати баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» вазифадор гардидааст. Бо  ин мақсад дар назди Агентӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва шарикони рушд Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» таъсис дода шудааст.

Озмуни мазкур барои татбиқи нишондиҳандаҳои барномаи мазкур ҷиҳати ҳавасманд гардонидани содироткунандагони ватанӣ, афзоиши ҳаҷм ва сифати маҳсулоти содиротӣ, хусусан бо арзиши баланди иловагӣ ва молҳои ғайриашё тавассути пешбурди фаъолияти содиротӣ ва содироткунандагон гузаронида мешавад.

Дар кори ҷаласа ҷиҳати ташкил ва муаррифии озмун, дарёфти сарпарасти кулл, сарпарастон, шарикон ва дастгирии иттилоотии он рӯнамои Агентии содирот муаррифӣ гардид. Инчунин таклифу пешниҳодҳои гурӯҳи корӣ оид ба пешбурди озмун баррасӣ шуданд.

АКС: Агентии содирот

Декабрь 15, 2021 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад