Дар Академияи идоракунии давлатӣ бо мақсади шарҳи Паёми Пешвои миллат мулоқот доир шуд

Декабрь 2, 2021 09:02

ДУШАНБЕ, 02.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва дастовардҳои 30 соли соҳибистиқлолӣ мулоқоти гурӯҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо омӯзгорону донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, хабар доданд ба АМИТ   «Ховар» аз Академия.

Дар ҷамъомад муовини Раиси шаҳри Душанбе  Мавсума Муинӣ, сардори раёсати ҷавонони шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимов, директори Муассисаи давлатии ТВ «Душанбе» Маъруф Оқилов иштирок намуданд.

Меҳмонон бо шароити таълимии Академияи идоракунии давлатӣ шинос шуда, аз Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ва «Маркази омӯзиши Мактаби давлатдории  Эмомалӣ Раҳмон» дидан намуданд.

Ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатӣ Даврон Сафарзода иброз дошт, ки “дар тӯли таърихи мавҷудияти миллати тоҷик дастоварди бузург ва арзиши волотарин- ин Истиқлолияти давлатии он мебошад. Истиқлол чун неъмати бебаҳо ва пурарзиш ҳамеша мояи ифтихору сарбаландии ҳар миллат буду ҳаст. Баъди соҳиб шудан ба истиқлолият миллати тоҷик ин ифтихори бузургро соҳиб гардид. Тӯли 30 сол мешавад, ки миллати тоҷик мустақил аст ва ба давлату миллати дигаре тобеъ ва пойбанд нест. Ҳуқуқи қабули қонуну қарорҳои худро дораду озод аст. Аз номи давлати худ андеша меронаду онро дар минбарҳои бонуфузу баланд муаррифӣ месозад”.

Дар ҷараёни вохӯрӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ доир ба дастовардҳои солҳои охир сухан намуда, гуфт, ки давоми соли 2020 новобаста ба мушкилоти бемории ҳамагири коронавирус рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар мамлакат таъмин шуд. Дар ин давра 300 корхонаи саноативу истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуда, дар заминаи онҳо 6500 ҷойи нави корӣ ба миён омад.

Доир ба дастовардҳо дар соҳаи маориф ва омодасозии кадрҳои баландихтисос иштирокдорон сухан намуда, афзуданд, ки таъсиси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бунёди бинои замонавии он аз самараи замони соҳибистиқлолист, ки бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат роҳандозӣ шудааст.

Зикр шуд, ки Паём суханони самимонаи Пешвои миллат барои ҳар ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва муждаи созанда дар роҳи пурифтихори рушди давлатдории тоҷикон мебошад.

АКСҲО: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ

Декабрь 2, 2021 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд