Дар Бохтар Форуми ҳунармандони вилояти Хатлон доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр дар шаҳри Бохтар бахшида ба ҷамъбасти Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар рушди ҳунарҳои мардумӣ» Форуми ҳунармандони вилояти Хатлон баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.
Дар форум занону бонувони ҳунарманд ва дигар ҳунармандони чирадасти вилоят маҳсули заҳмати худ- ҳунарҳои мардумиро ба намоиш гузоштанд. Аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ аён буд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат ҳунарҳои мардумӣ дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рушду нумӯи тоза ёфта, ҳунарҳои фаромӯшшуда аз нав эҳё гардиданд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни боздид аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ бо ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилоят суҳбат намуда, оид ба рушд бештар бахшидан ба ҳунарҳои мардумӣ, бахусус, чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ, заргарӣ, зардӯзӣ, попурзанӣ, қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳои миллӣ дастуру тавсияҳои муфид дода, андешаҳои ҳунармандонро шунид.
Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ кадбонуҳои ҳунарманд хӯрокҳои миллӣ, нону кулчаҳо, маҳсулоти қаннодӣ ва дигар анвои ғизоиро ба намоиш гузоштанд.
Зикр шуд, ки Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 ба эҳё ва рушди ҳунармандӣ такони ҷиддӣ бахшид.
АКС аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон










Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид






