Дар чор шаҳру ноҳияи Суғд ярмарка-фурӯши ангишт доир мегардад

Декабрь 22, 2021 15:54

ДУШАНБЕ, 22.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 23-24 декабр дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ярмарка-фурӯши ангишт доир мегардад,  хабар дод корманди хадамоти матбуоти Раиси вилоят Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар».

Дар ярмаркаи мазкур конҳои истеҳсоли ангишт бевосита ангиштро бо нархи нисбат ба бозор арзонтар пешниҳоди сокинон менамоянд.

Макони баргузории ярмарка дар шаҳри Хуҷанд маҳаллаи 34, дар шаҳри Истаравшан назди бозори «Ҳоҷӣ Ҳаит», назди варзишгоҳи марказии шаҳр ва идораи «Шабакаҳои тақсимоти барқ», дар шаҳри Конибодом назди автовокзали шаҳр, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шаҳраки Ғафуров, маркази ҷамоати Хистеварз, маркази ҷамоати Унҷӣ муқаррар гардида, сокинон метавонанд аз ин нуқтаҳо ангишт харидорӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои  дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини талаботи аҳолии кишвар бо ангишт дар давраи зимистони солҳои 2021-2022, инчунин ҷиҳати ба эътидол овардани нархи фурӯши ангишт бо нархҳои дастрас чунин ярмаркаҳоро роҳандозӣ  менамояд.

 

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 22, 2021 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд