Дар чорроҳаи назди Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб чароғаки роҳнамо насб гардид

Декабрь 29, 2021 11:24

ДУШАНБЕ, 29.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  бо мақсади  ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шаҳр, пешгирӣ  аз ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ пайста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, 27 декабр дар чорроҳаи маҳаллаи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб — назди Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ чароғаки роҳнамо насб карда шуд.

Тавре аз бахши матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, то ин вақт дар чорроҳаи мазкур тамбашавии нақлиёт, мушкили гузаштани пиёдагардон ва рух додани  ҳодисаҳои садамавӣ ба масъалаи доғи рӯз барои сокинони шаҳр ва ронандагон мубаддал гардида, боиси нороҳатии онҳо мешуд.

Сокини шаҳри Кӯлоб Фарзона Саидова изҳори хушнудӣ намуда гуфт, ки бо насби чароғакҳои раҳнамо дар чорроҳаҳои  назди Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  ва назди бозори «Сомониён»  мушкилоти бехатарии гузаштан аз роҳҳо бартараф гардид.

«Солҳои зиёд мушкилоти мазкур боиси ташвиш ва нигаронии ронандагону пиёдагардон гардида, хатари рух додани садамҳои нақлиётиро ба вуҷуд меовард. Хушбахтона ин мушкили мардум осон гардид», — афзуд номбурда.

Мавриди зикр аст, ки бо дарназардошти  зиёдшавии воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Кӯлоб ин иқдом дар шаш нуқтаи дигари осебпазири шаҳр низ марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад, то бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард пурра таъмин гардад.

 

Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб 

Декабрь 29, 2021 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд