Дар чорроҳаи назди Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб чароғаки роҳнамо насб гардид
ДУШАНБЕ, 29.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шаҳр, пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ пайста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, 27 декабр дар чорроҳаи маҳаллаи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб — назди Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ чароғаки роҳнамо насб карда шуд.
Тавре аз бахши матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, то ин вақт дар чорроҳаи мазкур тамбашавии нақлиёт, мушкили гузаштани пиёдагардон ва рух додани ҳодисаҳои садамавӣ ба масъалаи доғи рӯз барои сокинони шаҳр ва ронандагон мубаддал гардида, боиси нороҳатии онҳо мешуд.
Сокини шаҳри Кӯлоб Фарзона Саидова изҳори хушнудӣ намуда гуфт, ки бо насби чароғакҳои раҳнамо дар чорроҳаҳои назди Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва назди бозори «Сомониён» мушкилоти бехатарии гузаштан аз роҳҳо бартараф гардид.
«Солҳои зиёд мушкилоти мазкур боиси ташвиш ва нигаронии ронандагону пиёдагардон гардида, хатари рух додани садамҳои нақлиётиро ба вуҷуд меовард. Хушбахтона ин мушкили мардум осон гардид», — афзуд номбурда.
Мавриди зикр аст, ки бо дарназардошти зиёдшавии воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Кӯлоб ин иқдом дар шаш нуқтаи дигари осебпазири шаҳр низ марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад, то бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард пурра таъмин гардад.
Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






