Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни «Китобхонаи беҳтарин – 2021» оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 30.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Аз 31 декабри соли равон то 10 январи соли 2022 даври шаҳрии озмуни «Китобхонаи беҳтарин – 2021» баргузор мегардад. Ин нукта имрӯз зимни баргузории Комиссияи шаҳрии озмуни «Китобхонаи беҳтарин», ки бо иштироки ҳайати он дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир шуд, баён гардид, хабар доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа раиси комиссияи озмун, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки бо мақсади рушди устувори китобхонаҳо, таҳкими заминаҳои моддиву техникии онҳо, истифодаву корбурди китоб дар оила, ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳои давлативу ҷамъиятӣ, ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ ба китобхонаҳо, тақвияти зеҳнию маънавии сокинону меҳмонони пойтахт ва ҷалб намудани онҳо ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар робита ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2019 зикр гардидаанд, қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 апрели соли 2021 «Дар бораи баргузор намудани озмуни «Китобхонаи беҳтарин» дар шаҳри Душанбе» ба тасвиб расид.
Тибқи ин қарор ҳайати Комиссияи шаҳрӣ, низомнома ва ҷоизаҳои озмун тасдиқ карда шуд.
Озмун аз рӯи чор бахш — «Китобхонаи беҳтарини идоравӣ», «Китобхонаи беҳтарини оммавӣ», «Китобхонаи беҳтарини илмӣ-соҳавӣ» ва «Китобхонаи беҳтарини оилавӣ» ва дар ду давр — ноҳиявӣ ва шаҳрӣ баргузор карда мешавад.
Моҳҳои август — октябри соли ҷорӣ даври ноҳиявии он аз рӯи бахшҳои болозикр ва дар доираи талаботи низомнома аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо баргузор карда шуда, 41 китобхонаи беҳтарини ноҳияҳои пойтахт, аз ҷумла 11 китобхона аз рӯи бахши китобхонаи беҳтарини оммавӣ, 13 китобхона аз рӯи бахши китобхонаи беҳтарини илмӣ — соҳавӣ, 10 китобхона аз рӯи бахши китобхонаи беҳтарини идоравӣ ва 7 китобхонаи беҳтарини оилавӣ аз ҷониби комиссияи ноҳияҳо барои иштирок ба даври шаҳрии озмуни «Китобхонаи беҳтарин» пешниҳод шудаанд.
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмун бо ташкили барномаи фарҳангӣ дар Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст.
АКС аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. Нақши ин ниҳод дар ҳифзу муаррифии дастовардҳои истиқлол муҳим аст
Имрӯз дар боғҳои Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод ва Нуробод баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 228 нафар хатм намуданд
«ТОҶИКИСТОН — КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Италия намоиши шоҳкорҳои беназири мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон доир мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод, Нуробод, Муъминобод ва Варзоб баргузор мегарданд
Роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар ёдгории бостонии Сайёд шинос шуд
РИОЯИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон барои блогерон даври омӯзишӣ гузаронида мешавад
Аз ноҳияи Темурмалик ёдгориҳои нодири мансуб ба асри биринҷ ва давраи Кушониён бозёфт гардиданд
Китоби «Дар ҳавои Мавлоно»-и Раҳмоналӣ Мирализода рӯнамоӣ гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Дарвоз баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Балҷувон шукуҳманд таҷлил карда шуд






