Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни «Китобхонаи беҳтарин – 2021» оғоз меёбад

Декабрь 30, 2021 14:34

ДУШАНБЕ, 30.12.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Аз 31 декабри соли равон то 10 январи соли 2022 даври шаҳрии озмуни «Китобхонаи беҳтарин – 2021» баргузор мегардад. Ин нукта имрӯз зимни баргузории Комиссияи шаҳрии озмуни «Китобхонаи беҳтарин», ки бо иштироки ҳайати он дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир шуд, баён гардид, хабар доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Зимни ифтитоҳи ҷаласа раиси комиссияи озмун, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки бо мақсади рушди устувори китобхонаҳо, таҳкими заминаҳои моддиву техникии онҳо, истифодаву корбурди китоб дар оила, ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳои давлативу ҷамъиятӣ, ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ ба китобхонаҳо, тақвияти зеҳнию маънавии сокинону меҳмонони пойтахт ва ҷалб намудани онҳо ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар робита ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2019 зикр гардидаанд, қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 апрели соли 2021 «Дар бораи баргузор намудани озмуни «Китобхонаи беҳтарин» дар шаҳри Душанбе» ба тасвиб расид.

Тибқи ин қарор ҳайати Комиссияи шаҳрӣ, низомнома ва ҷоизаҳои озмун тасдиқ карда шуд.

Озмун аз рӯи чор бахш — «Китобхонаи беҳтарини идоравӣ», «Китобхонаи беҳтарини оммавӣ», «Китобхонаи беҳтарини илмӣ-соҳавӣ» ва «Китобхонаи беҳтарини оилавӣ» ва дар ду давр — ноҳиявӣ ва шаҳрӣ баргузор карда мешавад.

Моҳҳои август — октябри соли ҷорӣ даври ноҳиявии он аз рӯи бахшҳои болозикр ва дар доираи талаботи низомнома аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо баргузор карда шуда, 41 китобхонаи беҳтарини ноҳияҳои пойтахт, аз ҷумла 11 китобхона аз рӯи бахши китобхонаи беҳтарини оммавӣ, 13 китобхона аз рӯи бахши китобхонаи беҳтарини илмӣ — соҳавӣ, 10 китобхона аз рӯи бахши китобхонаи беҳтарини идоравӣ ва 7 китобхонаи беҳтарини оилавӣ аз ҷониби комиссияи ноҳияҳо барои иштирок ба даври шаҳрии озмуни «Китобхонаи беҳтарин» пешниҳод шудаанд.

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмун бо ташкили барномаи фарҳангӣ дар Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст.

 

АКС аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Декабрь 30, 2021 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст