Дар Душанбе такмили равандҳои муҳоҷират дар татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд

Декабрь 17, 2021 13:27

ДУШАНБЕ, 17.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон  (International Migrants Day), ки ҳамасола 18 декабр дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, дар мавзӯи  «Такмили равандҳои муҳоҷират дар татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи  то соли 2030» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд, донорҳо, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ ва коршиносон ҳамоиш доир шуда, дар он аз ҷониби иштирокчиён  доир ба ҳолат ва дурнамои равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маърўзаҳо ироа гардиданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Пеш аз оғози ҳамоиш аз ҷониби 50 ширкати дохиливу хориҷӣ ярмаркаи ҷойҳои корӣ доир гардид, ки иштирокдорон ва донишҷӯён бо имконият ва шароити кори онҳо шинос шуданд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода зикр дошт, ки 18 декабри соли 1990 Ассамблеяи генералии СММ Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои оилаҳои онҳоро қабул намуд ва 4 декабри соли 2000 ин санаро ба расмият даровард. Аз соли 2000 инҷониб бо ташаббуси Ассамблеяи генералии СММ дар тамоми ҷаҳон  ҳамасола 18 декабр Рўзи байналмилалии муҳоҷирон  ҷашн гирифта мешавад. Ин Конвенсия ҳамаи давлатҳои аъзоро водор мекунад, ки ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирон ва оилаи онҳоро, ки дар ин Конвенсия пешбинӣ шудаанд ва дар ҳудуди давлат ё ҳудуде, ки таҳти тобеияти ҳуқуқи он қарор доранд, бе ягон фарқият аз рӯи ҷинс, нажод, ранги пӯст, забон, дин ё эътиқод, ақидаи сиёсӣ ё ақидаҳои дигар, баромади миллӣ, қавмӣ ё иҷтимоӣ, шаҳрвандӣ, синну сол, вазъи иқтисодӣ, молу мулкӣ,  оилавӣ,  табақавӣ ва ё ҳар гуна нишонаи дигар эҳтиром ва таъмин намоянд. Тибқи ин Конвенсия, муҳоҷирон ба мисли дигар сокинони сайёра бояд аз тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон бархурдор бошанд ва онҳо ҳуқуқ доранд ҳуқуқҳояшон ҳифз гардад.

«Айни замон бо назардошти афзоиши муҳоҷирон дар сатҳи байналмилалӣ, низоъҳо, офатҳои табиӣ  ва омилҳову пайомадҳои дигари иқтисодӣ, рушди номутаносиби демографӣ ва дигар масъалаҳои мубрами муҳоҷират аз ҷониби СММ дар ин самт санади нави байналмилалӣ- Созишномаи ҷаҳонӣ барои муҳоҷирати бехатар, бонизом ва мунтазам қабул карда шудааст. Созишномаи мазкур усули тарбиявӣ дошта, муқаррарот ва принсипҳои асосии он ба рӯзномаи ҷаҳонии рушд барои давраи то соли 2030 мутобиқ карда шудаанд»,-афзуд Ширин Амонзода.

Ҳамчунин зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳои рӯ ба тараққӣ аз ин тағйироти равандҳои муҳоҷират дар канор нест. Тавре маълум аст, кишвари мо дорои сохтори аҳолии  ҷавон буда, афзоиши ҳамасолаи  аҳолии мамлакат зиёда аз 2 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамасола қариб 150 ҳазор афроди  қобили кор ба бозори меҳнат ворид мегарданд. Табиист, ки афзоиши бемайлони аҳолӣ захираҳои бузурги қувваи кориро ба вуҷуд меорад ва дар хориҷи давлат бо ҷойи кор таъмин намудани қисме аз онҳо ногузир мегардад.

«Аз ин рӯ масъалаи мазкур ҳамеша зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва истифодаи самараноки қувваи корӣ дар дохил ва хориҷи кишвар равона гардидааст», — таъкид кард  Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

Роҳбари намояндагии Созмони байналмилалии меҳнат (СБМ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Георге Кристина иброз намуд, ки раванди муҳоҷират мушкилоти зиёд дорад. Аз ин рӯ раванди муҳоҷират аз тарафи як мақомот набояд таҳлилу баррасӣ гардад. Он бояд аз тарафи давлату ҷомеа  ва мақомоти дигар ҳал шавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии ҷавон доранд ва дар он қувваи корӣ бисёр аст. СБМ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич дошта, барои таъмини сокинони он ҳамеша ҳамкориро густариш медиҳад.

Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигорахон Ғаффорзода доир ба «Муҳоҷирати меҳнатии занҳо дар замони глобализатсия ва қабули усулҳои зарурӣ барои онҳо» маъруза намуда, мушкилоти занон ва оилаи онҳоро, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ бо он рӯ ба рӯ мешаванд, шарҳ дод.

Муовини роҳбари Хазинаи кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Зайнаб ал Азавӣ иброз намуд, ки ҳар  инсон барои таъмини оилаи худ ба ин ё он кишвар ба муҳоҷират меравад. Дар ин сурат онҳо ба мушкилоти бисёре рӯ ба рӯ мегарданд. Инчунин оила ва кӯдакони онҳо аз таълим ва кумаки тиббӣ бенасиб мемонанд. Мақомоти дахлдор бояд барои бартараф намудани тамоми мушкилоти муҳоҷирон расидагӣ намоянд.

Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода зикр намуд, ки «дар баробари муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ низ барои  таъмини бехатарии аҳолӣ, истифодаи самараноки заминҳои бекорхобида ва фаъолнокии иқтисодии шаҳрвандон омили муҳим арзёбӣ карда  мешавад. Асоси муҳоҷир кардани аҳолӣ аз мавзеъҳои кўҳӣ, наздикўҳӣ ва ноҳияҳои зиччии аҳолиашон зиёд ва камзамин, ҳимоя кардани ҳукуки инсон барои озодона интихоб намудани ҷойи зист, обод намудани заминҳои бекорхобида ва азхуд намудани даштҳои нокорам дар ноҳияҳои замини зиёддошта, инкишофи минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ бо истифодабарии захираҳои зиёди меҳнатӣ аз ҳисоби шаҳрвандони бекор, мусоидат намудан ба баланд бардоштани шароити зисти аъзои оилаи муҳоҷирон ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, пешгирии муҳоҷирати дохилии   ғайрирасмӣ, таҳкими дўстӣ миёни миллатҳо ва халкиятҳо дар ҷойҳои сукунати муҳоҷирон, бо максади ҷалби оилаҳои ҷавон ва барпо кардани инфраструктураи деҳот равона гардидааст».

Дар ҷараёни ҳамоиш фикру андешаҳои коршиносони хориҷӣ тариқи онлайн пешниҳод гардид.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳанӯз соли 2001 «Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо»-ро тасдиқ ва санадҳои миллиро ба он мутобиқ намуда, бо кишварҳои асосии қабули муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла Федератсияи Русия, Қазоқистон, Беларус ва дигар давлатҳо созишномаҳои марбутаи ҳамкорӣ бастааст. Инчунин дар ҷумҳурӣ шароити зарурӣ барои таъмини хизматрасониҳои ройгон ба муҳоҷирони меҳнатӣ таъмин буда,  барои омодагии касбӣ, бокортаъминкунии муташаккилонаи онҳо дар хориҷи кишвар ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо якчанд барномаҳо амалӣ мешаванд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Декабрь 17, 2021 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он
Дар Тоҷикистон соҳаи аритмиология рушд меёбад