Дар Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ дар давраи солҳои 2021-2022 доир шуд

Декабрь 2, 2021 09:38

ДУШАНБЕ, 02.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. То оғози моҳи декабри соли равон дар вилояти Хатлон ҷиҳати пешгирӣ аз бемории хатарзои коронавирус 5 намуд ваксинаҳо ба миқдори 1 миллиону 828 ҳазору 427 воя дастрас гардиданд. Масъалаи пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус, ки хуруҷи он ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, бояд дар мадди назари масъулин қарор гирад, зеро ягона роҳи эмин нигоҳ доштани солимии ҷомеа, ба иттилои мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, эмгузаронии аҳолӣ дониста мешавад. Ин нуктаро сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров 1 декабр зимни баргузории  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронии солҳои 2021-2022 ва ҳолати омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар баён намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар  доданд.

Ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ таҳти раёсати муовини Cарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода ва иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, намояндагии вазорату идораҳои соҳавӣ, аъзои ситоди ҷумҳуриявӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо доир гардид.

Зикр шуд, ки бо мақсади дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намудани корҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022» қарорҳои дахлдор ба тасвиб расида, ситодҳои фаврӣ таъсис ва нақшаи чорабиниҳои дахлдор тасдиқ гардид.

Дар ҷараёни кори ситод муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода иброз намуд, ки вобаста ба омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 ба ҳолати 25 ноябри соли равон аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба соҳаи маориф 9 миллиону 142 ҳазор сомонӣ ё худ 94 фоиз ва ба соҳаи тандурустӣ 1166,8 ҳазор сомонӣ ё ин ки 104 фоиз барои хариди ангишт, ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ равона гардидааст.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки баҳри пешгирӣ ва роҳ надодан ба ҳодисаҳои сӯхтор дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 аз ҷониби кормандони соҳа дар ташкилоту муассисаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дастурдиҳӣ гузаронида шудаанд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар ҷараёни кори ситод оид ба зимистонгузаронӣ зикр дошт, ки баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Инчунин ба дикқати дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати мамлакат дар самти вусъат бахшидани кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо, истифодаи оқилонаву самараноки замин, захираи молу маҳсулот, таъмини амнияти озуқаворӣ ва масоили дигари ҳалталаб расонида шуда, роҳбарону масъулин ҷиҳати иҷрои ҳатмии дастурҳои пешниҳодшуда муваззаф гардиданд.

АКСҲО: шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Декабрь 2, 2021 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд