Дар Хатлон ба ифтихори таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 9-10 декабр бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад, хабар доданд аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».
Ҳамоиши идона бо иштироки доираи васеъ, аз ҷумла аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони сохторҳои ҲХДТ аз ВМКБ, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе, аъзои фаъоли ҳизб, олимону шоирон доир мегардад. Дар доираи ҳамоиш, ки ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида мешавад, ҳайати меҳмонону иштирокчиён аз мавзеъҳои зебои таърихиву сайёҳӣ ва якчанд иншооти навбунёди шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Кӯлоб, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон ва Темурмалики вилояти Хатлон боздид мекунанд.
Дар доираи сафар ҳайати меҳмонон дар ноҳияи Восеъ аз Қалъаи Ҳулбук, Ҳавзи Қайнар ва Маҷмааи “Сайёҳӣ”, дар ноҳияи Муъминобод аз Оромгоҳи Шоҳи Хомӯш, ҶДММ “Тоҷвайн”, боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия ва мавзеи сайёҳии “Чилдухтарон», дар шаҳри Кӯлоб аз намоишгоҳи “Чакан”, Осорхонаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, дар ноҳияи Ховалинг аз Осорхонаи “Восеъ”-и Дараи Мухтор, маҷмааи «Чилчанор» ва мақбараи ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, дар ноҳияи Балҷувон аз осорхонаи «Мири Балҷувон», дар Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик аз корхонаҳои истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт», «Мебел» ва Кохи фарҳанги ноҳия дидан менамоянд.
Дар рӯзи дуюми ҳамоиш дар ноҳияи Темурмалик Конференсияи ҷумҳуриявии «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» баргузор мегардад. Дар ҳошияи он барномаи фарҳангӣ пешниҳоди меҳмонон гардонида мешавад.
АКС: КИ ХХДТ дар вилояти Хатлон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






