Дар Кӯлоб Форуми минтақавии соҳибкории Хатлон-2021 баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 29.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. 28 декабр дар шаҳри Кӯлоб Форуми минтақавии соҳибкории Хатлон-2021 таҳти унвони “Саноат ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсолӣ” баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ хабар доданд.
Форуми мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси Кумитаи давлати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб доир шуд. Дар он намояндагони вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон ва коршиносони соҳа ширкат варзиданд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода зимни ифтитоҳи форум иброз дошт, ки ҳадаф ва мавзӯъҳои Форум шиносоӣ бо имконияти соҳибкорӣ дар самти рушди саноат, баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсолии саноатӣ, васеъ намудани истеҳсолот ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Кулоб мебошад. Инчунин ҷустуҷўи роҳҳои муосиргардонии дастрасӣ ба воситаҳои молиявӣ, ҷалби сармоя, дарёфти бозорҳои фурӯш, ба роҳ мондани ҳамкории самараноки дуҷониба ва мубодилаи таҷриба байни минтақаҳо, баррасӣ ва ҳалли мушкилоту монеаҳои мавҷудаи минтақа дар самти соҳибкории истеҳсолӣ ва таъмини рушди соҳаҳои саноат зимни форум матраҳ мегарданд.
Муовини Раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода оид ба нишондиҳандаҳои оморӣ ва дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят, нақшаю барномаҳои рушд, саҳми назарраси соҳибкорону сармоягузорон дар таъмини афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва сатҳи некуаҳволии аҳолии вилоят ибрози назар намуд.
Дар форум Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Саидзода, роҳбари маъмурияти МОИ “Кӯлоб” Мустафо Абдуллозода, намояндаи КВД “Саноатсодиротбонк” Бахтиёр Абдуллозода, Директори ҶДММ “Кооператор”,-и шаҳри Кӯлоб Гулсун Иброҳимова, Директори филилали ҶДММ “Ваҳдат текстайл” дар шаҳри Кӯлоб Орзу Холиқов, Директори ТҶ «Рӯшноӣ»-и ноҳияи Рашт Мирзошоҳ Акобиров, намояндаи Ассосиатсияи агробизнеси Тоҷикистон Қутфулло Зиёдуллоев, намояндаи Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон Ҳусейн Додоҷонов доир ба масъалаҳои матраҳшаванда ва ҷолиби таваҷҷуҳ сухан гуфтанд. Ҳангоми мубодилаи афкор баромадкунандагон вобаста ба таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баррасӣ, пайгирӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои бахши хусусӣ, имконияти истифода аз хизматрасониҳои бонкӣ, тавсеаи фаъолият оид ба ҷамъоварӣ ва банду басти меваҳо, бунёди корхонаҳои истеҳсоли таҷҳизот ва васоили банду басти меваҳо, ба роҳ мондани ҷамъоварии пӯсту пашм ибрози назар намуданд.
Баргузории форуми навбатӣ дар шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи саноат дар доираи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ вобаста ба эълони солҳои 2022–2026 Солҳои рушди саноат тадбири хубест баҳри рушди соҳа дар ин минтақа.
Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои Форуми минтақавии соҳибкории Хатлон-2021 дар мавзӯи “Саноат ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсолӣ” барои таҳкими заминаҳои асосии муносибатҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми вилоят ва дар маҷмуъ Тоҷикистон, инчунин тақвияти ҳамбастагӣ дар самти истифодаи якҷоя ва самараноки имконияти дар минтақа мавҷуда мусоидат хоҳад кард.
Дар форум шаш санади ҳамкорӣ — Созишномаи ҳамкорӣ оид ба бунёди корхонаи саноатӣ оид ба истеҳсоли набот, равған ва банду басти намаки ошӣ байни маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кӯлоб агросаноат” ва ёддоштҳои тафоҳум дар самтҳои ҷамъоварӣ, коркарди аввалин, банду баст ва фурӯши маҳсулот, дар самтҳои сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии зиёратӣ, сайёҳии экологӣ, сайёҳии таърихию фарҳангӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти таъсиси Ассотсиатсияи соҳибкории минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба имзо расонида шуданд.
Дар доираи форум иштирокчиён аз МОИ “Кӯлоб” дидан намуданд.
АКСҲО: котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти ҶТ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ








Ҳавопаймои нави «Boeing 737-8 MAX»-и «Сомон Эйр» дар Душанбе муаррифӣ гардид
Дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 3 мегаватт бунёд карда мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб дар 204,7 гектар ҷангалзори нав бунёд гардид
Дараи Камароб дорои захираҳои нодири агробиологӣ ва имконияти васеи рушди кишоварзии кӯҳистон аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар шаҳри Конибодом кишти такрорӣ идома дорад
Ҷалби сармоя ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон бо намояндагони ширкати «Рокс Групп»-и Ветнам баррасӣ гардид
Оғози хизматрасонии байналмилалии пардохтии Apple Pay дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли неруи барқ бунёд карда мешавад
Дар минтақаҳои ҳавзаи дарёҳои Қаратоғ ва Зарафшон қариб 95 фоизи захираи барфи мавсимӣ об шудааст
Дар доираи татбиқи 6 созишномаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон беш аз 17 миллиард сомониро ташкил медиҳад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Файзобод дар шаш моҳ 10,6 миллион сомонӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ равона гардидааст






