Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо шавқу шӯри тоза ҷараён дорад

Декабрь 6, 2021 15:03

ДУШАНБЕ, 06.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, рӯзи панҷум аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад. Тибқи нақша, имрӯз дар номинаи адабиёти муосир ва адабиёти классикии тоҷику форс (баъд аз соати 15) пурсиши донишҷӯён оғоз гардид. Дар номинаҳои адабиёти бачагона ва  адабиёти ҷаҳон ҳанӯз ҳам хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баромад намуда истодаанд, зеро шумораи хонандагони мактабҳо дар ин номинаҳо зиёд аст.

Узви ҳайати ҳакамон аз номинаи адабиёти классикии тоҷику форс Бадриддин Мақсудзода изҳор намуд, ки «як пешравии озмуни имсола аз соли қаблӣ- ин зиёд шудани шумораи иштирокчиён мебошад. Иштирокчиён ин номина шеъру ғазалҳоро хуб медонанд, аммо камбудӣ дар ин самт он аст, ки рӯйхати асарҳои зиёдеро пешниҳод намудаанду вале дар аксар ҳолат  зимни посух ба суолҳоямон дар мемонанд, ҳамзамон дар шарҳи  ҳамон шеъру ғазале, ки мехонанд, бисёриашон дар мемонанд. Мо ба иштирокчиёне, ки ба чунин мушкилиҳо рӯ ба рӯянд, маслиҳат медиҳем, ки ҳангоми аз худ кардани шеъру ғазал ба маънои он низ  таваҷҷуҳ кунанд, луғатномаҳоро варақ гардонанд».

Довталабоне ҳастанд, ки воқеан китоби зиёд хондаанд, шеъру ғазалҳои бисёреро аз худ кардаанд, нутқи равон доранд, ки мо зимни суҳбат бо онҳо инро дарк мекунем.

«Барои мисол як хонандаи синфи 10-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ноҳияи Вахш Фарзона Сафарова шеърҳои зиёде аз худ кардааст, баъзан луғатҳоро ҳам гуфта метавонад,  асарҳои зиёди насриву назмӣ хондааст ва ба суоли аъзои ҳакамон низ посухҳои арзанда дод. Вақте ба ӯ суол додам, ки оянда кӣ шудан мехоҳед, вай гуфт, «мехоҳам дар факултаи филология таҳсил кунам», ки ин маро воқеан хурсанд намуд, зеро оянда мо чунин мутахассисони хуб дошта метавонем. Ҳамин гуна хонандаи фаъол Сафина Иматшоева аз ноҳияи Шуғнон мебошад, ки ба озмун хеле омодагии ҷиддӣ дидааст ва посухҳояш мушаххас буданд», -гуфт Бадриддин Мақсудзода.

Иштирокчӣ аз номинаи адабиёти классикӣ, хонандаи синфи 8-ум аз ноҳияи Турсунзода Шабнами Раҳматулло бори аввал аст, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ширкат дорад. Баъд аз баромадаш дар назди доварон ба мо изҳор дошт, ки талаботи доваронро тавонист то ҷое қонеъ созад. «Мақсади ман такмили дониш аст ва умедворам ҷойи сазоворро соҳиб мешавам, дар умум зиёда аз сад ғазал, садҳо рубоӣ ва китобҳоро мутолиа намудам, ки ба низомномаи озмун мувофиқат мекунанд», -гуфт Шабнами Раҳматулло.

Хонандаи синфи 11 аз шаҳри Душанбе Шукрона Абдураҳмонова аз дигар иштирокчиёни номинаи адабиёти классикӣ мебошад. Ӯ зиёда 200 ғазал, 150 рубоиёт ва дубайтиҳо, 450 байту қасида, қитъаҳо ва достонҳо, беш аз 70 асари насриро аз худ намудааст. Мавсуф бо сазовор шудани мақоми сеюм аз даври шаҳрии озмун ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтааст. Ҳамсуҳбати мо сабаби интихоби номинаи адабиёти классикиро  ба бузургии сухани адибони гузаштаи мо  рабт дод. Ӯ бештар ғазалу шеърҳои Саидои Насафиро дӯст медоштааст ва барои мо яке аз ғазалҳои дӯстодаашро қироат намуд, ки пешниҳод менамоем:

Дил чун мутеъ гашт, чароғи назар шавад,
Фарзанди нек ҷойнишини падар шавад.
Нахле, ки бар надод, шавад боғбон кабоб,
Хун мехўрад падар чу писар беҳунар шавад.
Сўйи муҳит дўш давидам зи ташнагӣ,
Обе наёфтам, ки лаби коса тар шавад.
Берун намекунад зи қафас тӯтии маро,
Гар хони рўзгор пур аз найшакар шавад.
Ашкам зи дида пой ба рўям ниҳодааст,
Ин тифл рафта‐рафта худобехабар шавад.
Акси рухи ту зинда кунад ҷони мурдаро,
Тарсам, ки рўйи оинаҳоро хабар шавад.
Хат ҳам дамиду фитнаи он чашм кам нашуд,
Золим чу пир гашт, ситамгортар шавад.
Бар боғбон умеди самар аз ниҳол нест,
Нахле, ки солхўрда шавад, борвар шавад.
Эй Сайидо, чӣ суд аз ин кимиёгарӣ,
Толеъ агар мадад бикунад, хок зар шавад.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 6, 2021 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Адибони тоҷик ба се ноҳияи вилояти Хатлон сафар намуданд
«ҲИФЗИ МЕРОСИ ТАЪРИХӢ-ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ!». Таҳти чунин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар шаҳри Бохтар беш аз 1 млн бех гулу бутта шинонида шуд
ТАСВИРИ ПИРЯХҲО ВА ОБҲО ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар Осорхонаи миллӣ намоиш ифтитоҳ ёфт
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар Тоҷикистон 22 театри халқӣ амал менамояд
Дар назди Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ студияи нави сабти суруд таъсис ёфт
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Таҳти чунин унвон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн намоиши асарҳо ифтитоҳ гардид
Дар Наврӯз барои солимии бадан ғизои зарурӣ пешниҳод мегардад, ки оши бурида яке аз онҳост
ШОГУН БАҲОР МУБОРАК! Дар Бадахшон базми наврӯзии ҷавонон доир карда шуд
НАВРӮЗ — ҚИМАТТАРИН МЕРОСИ НИЁГОН. Мулоҳизаҳои мардумшинос дар бораи таҷлили он аз давраи Сосониён то соҳибистиқлолии Тоҷикистон
НАВРӮЗ БАРОБАРИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ АЗИЗ АСТ. Дар шаҳри Хоруғ базми пуршукуҳи наврӯзӣ доир гардид
Дар шаҳри Бохтар Наврӯз — ҷашни қадимии миллати тоҷикро хотирмон таҷлил намуданд