Дар Нурсултон ҷаласаи сатҳи баланди танзимгарони молиявии Осиёи Марказӣ доир шуд

Декабрь 8, 2021 11:30

ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Қазоқистон- шаҳри Нур-Султон ҷаласаи баландпояи танзимгарони молиявии Осиёи Марказӣ ва намояндаҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ, аз қабили Хазинаи Байналмилалии асъор /ХБА/, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд /БАТР/, Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ, Бонки сохтмони Чин (China Construction Bank), Эътилофи ҷаҳонии марказҳои молиявии байналмилалӣ (WAIFC), ваколатдори танзим ва назорати бозорҳои молиявии Осиёи Марказӣ доир гардид, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Мирҳаёт Ёқубзода намояндагӣ намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар ҷаласаи машваратӣ иштирокчиён масъалаҳои марбут ба дурнамои воситаҳои нави маблағгузорӣ ва платформаи инноватсионии сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ, хизматрасонии клирингӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ тавассути Маркази байналмилалии молиявии Остона, рушди воситаҳои молиявии сабз ва имконияти воситаҳои молияи исломӣ, рушди иқтидори инсонӣ дар Осиёи Марказиро баррасӣ намуданд.

Муовини Раиси БМТ Мирҳаёт Ёқубзода дар муҳокимаи мавзӯъҳои вазъият ва дурнамои рушди бозорҳои молиявӣ, тавсеаи ҳамкории минтақавии назоратӣ, рушди дастрасӣ ба молия ва сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои сармоягузорон дар сатҳи байналмилалӣ, рушди ҳамкории минтақавӣ тавассути кумаки техникӣ ва воситаҳои маблағгузории лоиҳаҳои минтақавӣ, ҷалби маблағгузорӣ ва сармоягузорӣ, молияи исломӣ ҳамчун воситаи қиёсии маблағгузорӣ дар Осиёи Марказӣ табодули назар намуд.

Барои бунёди низоми солим ва устувории молиявӣ, инчунин зарурати таҳким ва рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни танзимгарони молиявӣ ҷиҳати дастгирии гардиши пардохтпазирии фаромарзӣ ва коҳиш додани арзиши сармоя ҷонибҳо омодагии худро ба ҳамкории ошкоро ва фарох, ки ба манфиати таъмини суботи молиявӣ ва рушди иқтисодии муштарак ҷиҳати тавсеа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории танзимкунанда дар Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст, баён доштанд. Иштирокдорони машварат ба мувофиқа расиданд, ки майдончаи Маркази байналмилалии молиявии «Остона»-ро ҳамчун платформаи иқтисодии пайвасткунандаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва сармоягузорони хориҷӣ истифода намоянд.

 АКСҲО: Бонки миллии Тоҷикистон

Декабрь 8, 2021 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид