Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир ба ҳифз ва таҳкими ҳуҷҷатҳо дар махзанҳо машварати омӯзишӣ оғоз ёфт

Декабрь 8, 2021 09:01

ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7 декабр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳифз ва таҳкими ҳуҷҷатҳо дар махзанҳо» бо иштироки мудири бахши таҳкими пешгирикунандаи шуъбаи тармими фондҳои китобхонаҳои Саридораи таъмини ҳифзи фондҳои китобхонаҳои давлатии Русия Алексей Кашеев, ки аз ҷониби роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон даъват шудааст, машварати омӯзишӣ (амалӣ ва назариявӣ) оғоз гардид, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев.

Дар кори машварат намояндагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Осорхонаи таърихии Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд», Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб ва дигар осорхонаҳои кишвар иштирок доранд.

Дар ҷараёни машварати омӯзишӣ ба иштирокдорон корҳои ҳифзи ҳуҷҷатҳо, мафҳумҳои умумӣ, шароити нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, ҳашароти зараррасони биологӣ, нуқси биологии ашё ва чораҳои пешгирӣ кардани онҳо, ба эътидол овардани ҳуҷҷатҳо, нусхабардории ҳуҷҷатҳо, ташхиси махзани нигоҳдории китобҳо, инчунин тадбирҳои бехатарӣ дар раванди кори он омӯзонида мешаванд.

Бояд гуфт, ки мероси хаттии тоҷикон (дар рӯи коғаз) ҳамчун сарчашмаи муҳими таърихӣ дар омӯзиши ҷанбаҳои мухталифи таърихи гузаштаи миллати тоҷик нақши басо муҳим ва калидӣ дорад. Он дар баробари муаррифи бузурги таъриху фарҳанги миллати тоҷик будан, инчунин инъикосгари забон, хат ва ҳунарҳои волои китобдорӣ, хушнависӣ, коғазсозӣ, рангсозӣ, муқовасозии тоҷикон ва ниёгони тоҷикон мебошад, ки то замони мо намунаҳои гуногуни мероси хаттӣ боқӣ мондаанд.

Имрӯзҳо дар осорхонаҳо, китобхонаҳо ва марказҳои махсуси кишвар, махсусан дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ, тармиму таҳким, таҳқиқу омӯзиш ва муаррифии мероси хаттӣ ва оммавигардонии он ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар доираи машварати омӯзишӣ Алексей Кашеев  ҳамроҳ бо иштирокчиён аз шуъбаи тармим ва таҳкими Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, суҳбати касбӣ менамояд ва дар озмоишгоҳи муассиса ба мутахассисони соҳа раванди кор бо ҳуҷҷатҳоро нишон медиҳад.

Машварати омӯзишии мазкур  то 10 декабр идома меёбад.

АКСҲО: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Декабрь 8, 2021 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид