Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил гардид
ДУШАНБЕ, 29.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодӣ бо мақсади ғанӣ гардонидани дастархони идонаи кормандон дар саҳни бинои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал доир гардид. Ташкили ярмаркаи мазкур ҳамчунин кори ҳайати шахсии милитсияи шаҳри Душанберо, ки дар рӯзҳои таҷлили Соли нави мелодӣ дар ҳифзи назму тартиботи ҷамъиятӣ қарор доранд, осон намуд, хабар доданд аз маркази матбуоти Раёсати мазкур ба АМИТ «Ховар».
Дар ярмарка-фурӯши мазкур соҳибкорону фурӯшандагони бозорҳои пойтахт ва дигар корхонаву ширкатҳои дохилӣ маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз қабили гӯшт, равғану биринҷ, шакар, пиёз, картошкаю сабзӣ, макарону тухм, анвои гуногуни ширинӣ, орд ва ғайраро бо сифати хуб ва нархи нисбат ба бозор арзон ба фурӯш бароварданд.
Аз ҷониби роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт минбаъд низ дар арафаи таҷлили иду ҷашнҳо баргузории чунин ярмарка — фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба нақша гирифта шудааст.
АКСҲО: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе










Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






