Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил гардид

Декабрь 29, 2021 09:40

ДУШАНБЕ, 29.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодӣ  бо мақсади  ғанӣ гардонидани дастархони идонаи кормандон дар саҳни бинои  Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал доир гардид. Ташкили ярмаркаи мазкур ҳамчунин кори  ҳайати шахсии милитсияи шаҳри Душанберо, ки  дар рӯзҳои таҷлили Соли нави мелодӣ дар  ҳифзи  назму тартиботи  ҷамъиятӣ қарор доранд, осон намуд, хабар доданд аз  маркази матбуоти Раёсати  мазкур ба АМИТ «Ховар».

Дар  ярмарка-фурӯши мазкур соҳибкорону фурӯшандагони бозорҳои пойтахт ва дигар корхонаву ширкатҳои дохилӣ маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз қабили гӯшт, равғану биринҷ, шакар, пиёз, картошкаю сабзӣ, макарону тухм, анвои гуногуни ширинӣ, орд ва ғайраро  бо сифати хуб ва нархи нисбат ба бозор арзон ба фурӯш бароварданд.

Аз ҷониби роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт минбаъд низ дар арафаи таҷлили иду ҷашнҳо баргузории чунин ярмарка — фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал  ба нақша гирифта шудааст.

АКСҲО: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Декабрь 29, 2021 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд