Дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистони вилояти Суғд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 30.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини фаровонии дастархони мардум дар арафаи Соли нави 2022 дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистони вилояти Суғд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ оғоз гардид. Ярмаркаи мазкур бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд давоми ду рӯз- 30-31 декабр баргузор мегардад, иттилоъ доданд аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Имрӯз дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ оғоз ёфта, дар он картошка, пиёз, биринҷ, сабзӣ, равған, шакар, орд, гӯшти гову гӯсфанд, гӯшти паранда, гӯшти моҳӣ, сабзавоту полезиҳо, меваҳои гуногун, маҳсулоти нониву гӯштӣ, шириниву консерва, нӯшокиҳо, туҳфаҳои солинавӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзон пешниҳоди мардум карда шуд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмаркаи мазкур дидан карда, иброз намуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ярмаркаҳо мунтазам гузаронида мешаванд.
Раиси вилоят ба масъулин супориш дод, ки танзими нархи маҳсулоти пешниҳодшавандаро зери назорат қарор дода, барои дар сатҳи баланд гузаронидани ярмаркаҳо дар шаҳрҳои мазкур чораҷӯӣ намоянд.
АКС аз МИҲД Суғд








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






