Дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистони вилояти Суғд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ оғоз гардид

Декабрь 30, 2021 11:35

ДУШАНБЕ, 30.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини фаровонии дастархони мардум дар арафаи Соли нави 2022 дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистони вилояти Суғд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ оғоз гардид. Ярмаркаи мазкур бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд давоми ду рӯз- 30-31 декабр баргузор мегардад, иттилоъ доданд аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Имрӯз дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ оғоз ёфта, дар он картошка, пиёз, биринҷ, сабзӣ, равған, шакар, орд, гӯшти гову гӯсфанд, гӯшти паранда, гӯшти моҳӣ, сабзавоту полезиҳо, меваҳои гуногун, маҳсулоти нониву гӯштӣ, шириниву консерва, нӯшокиҳо, туҳфаҳои солинавӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзон пешниҳоди мардум карда шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмаркаи мазкур дидан карда,  иброз намуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ярмаркаҳо мунтазам гузаронида мешаванд.

Раиси вилоят ба масъулин супориш дод, ки танзими нархи маҳсулоти пешниҳодшавандаро зери назорат қарор дода, барои дар сатҳи баланд гузаронидани ярмаркаҳо дар шаҳрҳои мазкур чораҷӯӣ намоянд.

АКС аз МИҲД Суғд

Декабрь 30, 2021 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад