Дар шаҳри Истаравшан ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир карда шуд

Декабрь 28, 2021 09:31

ДУШАНБЕ, 28.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабри соли ҷорӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо мақсади дастрасии мардум ба маҳсулоти хушсифати озуқаворӣ ва ғанӣ намудани хони солинавии сокинони шаҳр дар маҳаллаи «Зафар» (майдони Ғалаба) ва гардиши маркази дандонпизишкии шаҳр ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид.

Тавре аз Хадамоти матбуотии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ярмарка-фурӯши маҳсулот маҷмӯъан 63 тонна маҳсулоти кишоварзию саноатӣ аз он 51,12 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва 12 тонна маҳсулоти саноатӣ пешкаши сокинон гардонида шуда, аз ҷониби деҳқонон дар ярмарка маҳсулоти гуногуни озуқаворӣ, аз ҷумла, картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, меваҳои гуногун, равған, консерва, гўшти гов, гусфанд, паранда, моҳӣ, орд, намак, шакар, тухм, асал, маҳсулоти нониву гуштӣ ва ғайраҳо бо нархҳои нисбатан арзон ба фурӯш гузошта шуд.

Ба иттилои манбаъ бо мақсади фаровонии дастурхони сокинон дар арафаи Соли нави мелодӣ ва бо нархҳои нисбатан арзон ба аҳолӣ пешниҳод намудани маводи ғизоӣ чунин ярмарка санаи 26 декабри соли ҷорӣ низ ташкил карда шуд.

 

АКС аз Хадамоти матбуотии Суғд

Декабрь 28, 2021 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид