Дар Суғд 60 нафар занону духтарон соҳиби грант гардиданд

Декабрь 15, 2021 10:24

ДУШАНБЕ, 15.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 14 декабр дар вилояти Суғд ба 60 нафар занону духтарон барои рушди ҳунармандӣ ва татбиқи лоиҳаҳое, ки дар озмун барои дарёфти грантҳо ғолиб омадаанд, 420 ҳазор сомонӣ грант тақдим гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дар маросими  супоридани грантҳо Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа тадбирҳои муҳим меандешанд. Бо мақсади ба шуғли манфиатнок ҷалб намудани занон ва мусоидат дар рушди ҳунармандӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола грантҳои президентӣ ҷудо гардида истодаанд. Дар вилояти Суғд низ бо ин мақсад грантҳои Раиси вилоят таъсис дода шудаанд, ки ҳадаф аз он дастгирии занону ҳунарманду эҷодкор мебошад.

Занону бонувон бо истифода аз маблағҳои грантӣ лоиҳаҳои худро пурра татбиқ намуда, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди ҳунармандӣ мусоидат менамоянд.

Ҳамчунин дар ин рӯз ғолибони Фестивал- озмуни вилоятии «Атласу адраси Суғд–2021» муайян гардида, ба гирандаи Шоҳҷоиза Шаҳноза Ахмедова аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳаҷми 5000 сомонӣ мукофотпулӣ супорида шуд.

АКС: хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Декабрь 15, 2021 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид