Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 01.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи ҷамъбастии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гузаронидани мониторинг ва арзёбии ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Фарҳод Восидиён баргузор гардид, ки дар он тибқи нақша се барнома мавриди баррасӣ қарор дода шуд, хабар доданд аз вазорат ба АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласа «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», «Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» ва Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Оид ба ҷараёни иҷрои барномаҳои мазкур намояндагони вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҳлил ва арзёбӣ намудани татбиқи барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ ҳамасола фармоиши Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис додани Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гузаронидани мониторинг ва арзёбии ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ» ва нақшаи кории он ба тасвиб мерасад.
Тибқи нақшаи тасдиқгардида, дар доираи фаъолияти Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии барномаҳои рушди соҳавию минтақавӣ дар соли 2021 10 ҷаласа баргузор гардида, ҷараёни иҷрои 27 барномаи соҳавӣ ва минтақавӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд ва аз натиҷаи 22-тои он гузоришҳои дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдо








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






