Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо роҳбари Маркази тиҷоратии «Фикри бартар»-и Эрон мулоқот доир гардид
ДУШАНБЕ, 24.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 декабр муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо роҳбари Маркази тиҷоратии «Фикри бартар»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Париноз Пешдодиён мулоқот намуд, ки ҳадафи он аз тақвият бахшидан ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ иборат буд, хабар доданд аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар».
Зимни вохӯрӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода зикр намуд, ки рушди ҳамкории мутақобилан судманд ва муносибатҳои ду кишвар бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Иброҳим Раисӣ ба сатҳи сифатан нав баромадааст.
Дар 11 моҳи соли 2021 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон 93,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи таҳлилии соли 2020 44,6 млн. доллар афзоиш ёфтааст. Вазни хоси гардиши мол бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра 1,7%-ро ташкил дода, дар сохтори гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи 9-ум қарор дорад.
А. Абдураҳмонзода ҷиҳати боз ҳам рушд додани ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ пешниҳод намуд, ки дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли обҳои минералӣ, хамираи помидор ва консерва таъсис дода шаванд. Хонум Париноз Пешдодиён пешниҳоди мазкурро хуш пазируфта, иброз намуд, ки ин ташаббус барои боз ҳам тақвият бахшидан ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ду кишвар мусоидат хоҳад намуд.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ омода ва ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва маркази мазкур, инчунин масъалаҳои муҳими ҳамкории минбаъдаи тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикршуда баён намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод








Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд






