Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо роҳбари Маркази тиҷоратии «Фикри бартар»-и Эрон мулоқот доир гардид

Декабрь 24, 2021 08:35

ДУШАНБЕ, 24.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 декабр муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо роҳбари Маркази тиҷоратии «Фикри бартар»-и  Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Париноз Пешдодиён мулоқот намуд, ки ҳадафи он аз тақвият бахшидан ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ иборат буд, хабар доданд аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар».

Зимни вохӯрӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода зикр намуд, ки рушди ҳамкории мутақобилан судманд ва муносибатҳои ду кишвар бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Иброҳим Раисӣ ба сатҳи сифатан нав баромадааст.

Дар 11 моҳи соли 2021 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон 93,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи таҳлилии соли 2020 44,6 млн. доллар афзоиш ёфтааст. Вазни хоси гардиши мол бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра 1,7%-ро ташкил дода, дар сохтори гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи 9-ум қарор дорад.

А. Абдураҳмонзода ҷиҳати боз ҳам рушд додани ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ пешниҳод намуд, ки дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли обҳои минералӣ, хамираи помидор ва консерва таъсис дода шаванд. Хонум Париноз Пешдодиён пешниҳоди мазкурро хуш пазируфта, иброз намуд, ки ин ташаббус барои боз ҳам тақвият бахшидан ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ду кишвар мусоидат хоҳад намуд.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ омода ва ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва маркази мазкур, инчунин масъалаҳои муҳими ҳамкории минбаъдаи тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикршуда баён намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод

Декабрь 24, 2021 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд