Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода Тоҷикистонро дар нишасти Шӯрои иқтисодии ИДМ дар Москва намояндагӣ намуд
ДУШАНБЕ, 03.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 2 декабр, дар павилиони 57-уми Намоиши дастовардҳои хоҷагии халқ (ВДНХ) дар Москва дар ҳошияи Конгресси Авруосиё ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода намояндагӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷрояи ИДМ.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва дигар намояндагони ҳайатҳо доир ба масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар ИДМ табодули назар карданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ба ҷониби Ҷумҳурии Беларус ба хотири раёсати муваффақона дар мақомоти ИДМ изҳори сипос намуд.
Директори департаменти ҳамкории иқтисодии Кумитаи иҷроияи ИДМ Михаил Мискин ба иштирокчиён оид ба лоиҳаи Созишнома доир ба савдои озоди хизматрасонӣ, идораҳо, фаъолият ва татбиқи сармоягузории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маълумот дод.
Иттилоотро «Дар бораи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои узви ИДМ дар солҳои 2016-2020» ба аъзои Шӯрои иқтисодии ИДМ раиси Шӯро, Вазир оид ба андоз ва пардохтҳои Ҷумҳурии Беларус Сергей Наливайко пешниҳод намуд.
Дар масъалаи «Оид ба меъёрҳои сифатии ҳаёт» котиби давлатӣ — муовини Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Русия Андрей Пудов сухан гуфт.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодӣ 18 марти соли 2022 дар шаҳри Москва дар Маркази савдои байналмилалӣ доир гардида, дар ҳамин рӯз форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ баргузор хоҳад шуд.
АКС: Хадамоти матбуотии Кумитаи иҷроияи ИДМ








Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд






